Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ман намефаҳмам, ки ин ниммурда ба шоҳ чӣ лозим бошад.
– ғур-ғур кард Димитриус ва аз маъюб пурсид. – Аз дудмони шоҳ нестӣ?»
Сар ҷунбонд Маъюб.
Пас Филипп ба онҳо рў овард: «Ин кар-пар нест.»
Маъюб низ амри шоҳро шунид. Барои ў ҳам мазмунаш нофаҳмост. Мор дар остин доштан чӣ суд орад?
Искандар як назар дид азоби маҷрўҳро. Амр накард, ки азобаш надиҳанд. Балки нигарон аст оқибатеро. Чун зуд пеш омадани анҷоми кор равшан набуд, фармуд:
— Бипурс, ки кӣ ҷангида бо кӣ? – хоҳиш барин буд оҳангаш.
Ва Қирёс пурсон шуд:
— Мешунавӣ?.. Мефаҳмӣ?.. Посух гуфта метавонӣ?
Чун посух ба пурсаш нагирифт, рў ба Искандар овард:
— Гумон дорам, ки ҳам кару ҳам гунг.
— На кару на гунг. Аз тарс забонаш гирифтааст. Ҳамаашро шунид маҷрўҳ. Вале забони гуфтор надорад.
Посух гуфтанӣ ҳам нест. Тахмин мекунад нияти ононро, яқин намедонад муродашонро. Хавфаш аз осмон. Рўболост, ғаш аз лошахўрон дорад. Агар сипоҳи ночизи Искандар андаке дер меомад, шояд он баднамоҳо чашмони ўро низ кофта мебурданд. Ва худо накарда, партофта раванд, ҳолаш чӣ шавад. Дам ба дам менигарад сўйи он фалокатҳову дуздида зеҳн мемонад ба сипоҳиён, то бесоҳиб нагузорандаш. Ва баъди чунин ният менигарад ба мурғони гурусна, ки одамон дарёбанд ишораашро; ўро танҳо нагузоранд ва ё мурғонро биронанд...
— Соз шуд? – гўйӣ Искандар ғами дигар надошт, бояд ҳамин маҷрўҳро шифо мебахшид.
Чун ҷаллод шикастабанд набуд, аз ўҳдаи ҷо ба ҷо кардани устухонҳои ў намебаромад. Азияту шиканҷа буд маъюбро.
Ба ҳар тақдир Димитриусу Филипп китфи афтидаи ўро латтапеч карданд. Азобаш зиёдтар шуд. По мекашиду меёзид аз бетоқатӣ, аммо наметавонист ғалу паҳлў гаштан. Ҷонаш дар азоб буд.
«Маро ба ҳолам гузоред, мурғонро ронед... Ронед он душмани мурдахорро, он бадниятро... Ҳамонҳо аз он баландӣ истода, ҷангҳоро ташкил мекунанд; аз он боло ба мағзи сабуксарон ниятҳои бадро ҷо мекунанд... Баъд мурдахорӣ карда мегарданд... Касбашон ҳамин... Номашон: каргаси қоқи мурдахўр.»
Касе намефаҳмад нияти ўро.
Нияти Искандарро низ касе пай намебарад. Он ҷо мурдаи шоҳ Доро рўйи рег ёзида. Искандар талош дорад, ки ягона мушоҳиди ин корзорро ба забон оранд. Сари Доро ёрои сухан гуфтан надорад. Аристандри фолбин пешгўйӣ намекунад, ҳатто пасгўйӣ карда наметавонад, ки чӣ рўйдоде буд ин ҷо.

пешина
аз 411
навбатӣ