Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Расад... Корд ба устухон расида. Дар рўяш хоҳам гуфт, ки мо ғоратгарӣ наомадаем... Номи мақдуниёну юнониёнро паст зад...
— Аз ҳад гузаронидӣ, Лимн. Бе ману ту ҳам офтоб барояд. Бе ману ту ҳам андар дидбонгоҳҳои дижи Ориё бисёр касон хоҳанд истод ва мо ду газ аз замин боло шудем, гуфта, ин қадар ҳангома карданамон бурун аз инсоф бувад. Мо, ки чунин аз худ меравем, бале подшаҳонро...
— Фаҳмидам, Никомах. Ман назди ту насиҳатшунавӣ омада будаам. Бидон, ки маро касе кушта натавонад. Пеш аз он ки маро кушанд, худамро хоҳам кушт. Баъди сари ман ба ҳама расон, ки Лимн одамкушӣ наомада буд, барои ғорат наомада буд, аз пайи зару зевар ҳам наомада буд...
— Хуб аст, ки Лимн ин суханонатро бо Коллисфен гўйӣ. Ҷовидона дар асарҳои ў хоҳад монд...
— На. Ман донам, ки Коллисфен ба Мақдуниё барнагардад ва ўро нагузоранд, ки нигоштаҳояшро рўйи коғаз орад.
— Ту фолбинӣ, раммолӣ, коҳинӣ, ки чунин пешгўйӣ кунӣ.
— Ман қоидаи давлатдорӣ ва шоҳигариро донам. Шоҳон нахоҳанд, ки шоҳиди кушторҳо, сўхторҳо ва рабуданро дошта бошанд. Ва ҳамаи мо мушоҳиди кирдорҳои шоҳи мақдунӣ ҳастем.
Бавижа Коллисфен. Пас чӣ гуна онҳо зинда монанд.
— Ману ту низ мушоҳиди он корҳо ҳастем?
— Бале, ҳастем. Вале ману ту касони хурдем. Чун Коллисфен, Пармониён, Файлотус, Гефестион, Кен, Биталомус, Клит ва Кратер вазифа надорем. То хиёнате аз мо сар назанад, моро нахоҳанд кушт. Мо ба онҳо хидмат мекунем ва даъвою ҳаваси тоҷу тахт надорем...
— Онҳо доранд магар?
— Ва чӣ хел доранд... Ҳамаашон зери назари шоҳ Искандар бошанд.
— Бармеояд, ки мо аз беҳтаринонем, аз безарарҳоем...
— Оре.
— Пас чаро тарсем?
— На тарс, эҳтиёт.
— Бинигар, Лимн! Касе меояд! – даст ҷониби кўҳи сўхта ишора карда гуфт Никомах.
— Ба гумонат кас аст? Говсурат метобад. На?
— Шутурҳайат ё асберо ду савор нишаста.
— Шутур, шутур. Ду кўҳон дорад. Мисли ду савор тобад.
— Мо ҳамин хел ҳастем, Никомах. Одамро ҳайвон мебинем ва ҳайвонро – кас. Барои ҳамин ҳамдигарро бовар надорем.
— Чун?
— Ман ба ту назари худамро гуфтам ва қариб шабамон рўз шуд. Ва ту ба ҳарфони ман бовар надорӣ.
— Чаро? Бовар дорам. Чунон ки гуфтам, роҳе нест.

пешина
аз 411
навбатӣ