Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Гуфтам-ку... Роҳе ҳаст: Роҳи аввал душвор. Гўшу даҳонҳоро пўшида нашавад. Хабар баранд ба шоҳ. Роҳи дуввум ба сўиқасдчиён вобаста.
— Лимн, мо дўстони нав нестем, ҳамдигарро хуб донему шиносем, вале ман намедонистам, ки ту ба ин андоза беғамӣ.
— Чӣ гуна беғам?
— Охир ман хун мехўраму хун мегирям, ки бо Арсиноя чӣ шуд?
Ту дар орзуи сарнагун сохтани шоҳи бемеҳр ҳастӣ.
— Туро бохирад дарёфта будам, ҳолиё беақл мебинам... Магар орзуи ҳар дуямон яке нест? – тавбаро фаромўш карда гуфт Лимн ва аз бурҷи диж ба атроф нигарист, ки дар ин ширмоҳтоб ягон чизро мебинад ё на.
— Чун? – диққати ўро аз атроф кашиданӣ шуда пурсид Никомах.
— Ту хоҳӣ, ки ба висоли Арсиноя расӣ...
— Оҳҳҳ... Арсиноя...
—...Ман хоҳам, ки Мақдуниё ободон гардад...
— На. Фарқ ҳаст миёни ин ду чиз.
— Чӣ гуна фарқ, Никомах?
— Охир, Арсиноя... мефаҳмӣ? Арсиноя! Ин хел духтарро дигар модараш назояд...
— Магар хушрўйтар аз Эрис?
— Кадом Эрис?
— Гетер.
— Ҳамон раққоса?
— Ҳамон раққоса.
— Ҳамон раққосаи Файлотус?
— Ҳамон раққосаи Файлотус.
— Охир ў...
— Бале, ў Файлотусро дўст дорад... аммо дигарон ҳам ўро дўст доранд ва ҳамаи сарбозон хоҳанд, ки бо он раққоса бошанд. Зан ҳамин хел чизест. Ҳама мардон хоҳанд, ки аз они онҳо бошад.
Арсинояи туро ҳам...
— Даҳонатро пўш! Ў танҳо аз они ман аст! Нигарон мешавад...
Ман хоҳам баргашт ба Мақдуниёи азиз, ба он гаҳвораи ноз...
— Танҳо бо роҳи қаҳрамонӣ, Никомах.
— Чӣ гуна қаҳрамонӣ?
— Ёд дорӣ, ки ягон ошиқ бе қаҳрамониву мардонагӣ ва ё бе мубориза ба висоли маҳбуби хеш расида бошад? – гўё то рўз вақти зиёд ҳаст ва кўтоҳ кардани шаб хеле бамаврид бувад.
— Дуруст. Вале ман бо кӣ мубориза барам? Магар касе Арсинояи маро дўст доштааст?
— На. Мубориза чунон нест, ки касе маҳбубаи туро дуздад ва ё рабояд ва ту ўро нобуд сохта ба муродат расӣ. Мубориза он аст, ки садду монеъаҳоро бояд шикаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо