Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ягон балоро медонӣ, Лимн. Магар касе навишта, ки Арсинояи маро касе аз роҳ задааст?
— На. Нафаҳмидӣ. Ман оддитар фаҳмонам: чӣ монеъае ҳаст, ки туро аз ў дур медорад?
— Дурии роҳ.
— Пас чӣ бояд кард?
— Ин роҳро бояд паймуд.
— Магар чашм дорӣ, ки чунин шавад?
— На.
— Боз ҳамон андешаи ман... Ошиқон барои дўстдорашон ҷон фидо мекунанд, сар мебозанд, қурбон мешаванд...
— Аблаҳон...
— Чӣ гуфтӣ?
— Мегўм, ки ҳамаашон аблаҳанд.
— Чӣ хел, Никомах?
— Охир ман ки фидо шавам, сар бозам, қурбон гардам, чӣ лозим чунин мубориза? Магар хуб нест, ки ман зинда бошаму ў хушбахт гардад? Боз ёд медиҳед ҷон фидо карданро.
— Ту одами аҷиб будайӣ – ку?
— Ба андешаи ту ман бо шоҳ мубориза барам, ў маро ҳамчун хоин кушад ва Арсинояро дигар кас гирад? Ҳамин тавр?
— Агар қаҳрамонона ҳалок гардӣ, ҳамин тавр. Лекин пирўз гардӣ, дигар хел.
— Чӣ хел?
— Хоҳӣ, рафта Арсинояро ба занӣ мегирӣ. Нахоҳӣ ўро, ҳамаи гетерҳову занони асира моли ту мегарданд.
— На. Арсиноя лозим маро.
— Пас гуфтаи ман бояд шавад.
— Лимн, ту беақл нестӣ, дидаву дониста бо аҷал бозӣ кардан чӣ маънӣ дорад?
— Никомах! Газоф магўй! Барои Мақдуниё касе бояд коре бикунад! Ҳолиё Мақдуниё аз ёдҳо рафта. Шоҳи мақдунӣ айшу ишрат дорад, модару ватанро фаромўш карда, ҳар лаҳза хешро писари кадом худои бегона мегирад...
— Ман донам инро. Рўзе фиғонаш хоҳад баромад. Бавижа, гоҳе ки ба бод рафтани ганҷи Бодовардро фаҳмад.
— Фаҳмидааст аранге. Аммо намехоҳад, ки дар Мақдуниё Антипатр худро шоҳ эълом кунад. Боз аз пайи ганҷи Қорун ва ганҷи Равон шуданист. Аммо равшанойӣ нест, ки боз фиристад ганҷҳои навро ва ё боздораду бо худ барад?
— Аз рўйи тахмини ман на он насиб кунаду на ин.
— Чӣ гуна? – ҳайрон пурсид Лимн.
— Раммолон гўянд, ки Искандар ғун овардаашро надида мирад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо