Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Никомах гуфту ба андеша рафт, то аз Лимн чӣ ояд. Лимн низ дарёфт, ки ў чизе мегўяд надониста, муғамбирона гуфт:
— На. Ҳар кӣ фармудааст, барғалат бувад. Аз гуфтаи фолбинон Искандар то ҷовидон монад.
— Бале. Инро ҳама гўянд. Аммо ба чӣ ранг? Касе надонад. Ба бадӣ ҳам ҷовидона ном гузоштан имкон дорад. Чунон ки Заҳҳок!
Чунон ки Мидос!
Андар вуҷуди Никомах ларза афтод, ки дигар ҳаргиз ба дидори духтари дўстдоштааш нарасад. Духтарак номи зани устоди Искандар Лисимахро дорад ва Никомах хоҳарзодаи ўст. Лисимах ҳам ҳар гоҳ Никомахро дида ҳолпурсӣ кунад ва ў гўяд: «Арсинояро пазмон шудам, чунон ки шумо.» Ва Лисимах ба китфи ў тап-тап зада:
«Сабр бикун, ба муродат хоҳӣ расид» мегўяд. Аммо ҳарфи Лимн дигар. Бероҳа метобад ба назари Никомах. Боз ларзид танаш. Аз худ бурун рафт ва ҳаяҷонашро фурў нишонда натавонист:
— Ту чӣ кор кардӣ, Лимн?
Лимн нафаҳмид сабаби садо баланд кардани ўро ва ба атроф, ба зери бора, ба дуру наздик нигариста ҳамаро ором дарёфт ва зери манаҳи Никомах омада, хеле паст пурсид:
— Ту чӣ кор кардӣ?
— Ман? Ман ҳеҷ кор...
— Медонӣ бо ин садоят чӣ кор кардӣ? Ба гўши ҳама шунавонидӣ, ҳамаро бедор кардӣ. Ба додхоҳу додгустарон ҷавобгў худат мешавӣ.
— Бале. Ҷавобгўй худам мешавам ва ба ҳама мегўяму мефаҳмонам, ки имшаб то рўз ману ту бо чӣ кор машғул будем...
Лимни Димн суст шуд, чунон ки дасту пояш. Бовар кард ба сухани Никомах ва ба андеша рафт, ки дар пос нобуд созад ўро ва гурезад. Вале аз забони Никомах садои пуралам ва ҳузнангезе омад:
— Ту маро куштӣ, Лимн. Зинда ба зинда куштӣ.
— Чӣ хел? Чӣ гуна? Чаро чунин гўйӣ?
Аммо ин суханҳо ба гўши Никомах намедаромаданд:
— Маро куштӣ, Лимн... Дигар ҳаргиз дидори Арсинояро набинам!
— Бинӣ, бинӣ! Ман туро ба дидори ў расонам!
— Чӣ гуна?
— Мубориза хоҳем бурд. Қаҳрамонӣ хоҳем кард...
— На-а-а!...
— Ҷим! Касе меояд...
— Бигузор ояд. Маро бубарад. Аз чунин рўз мурданам беҳтар.
— Ҷим! Шарфае... Бало занад.
— Девор муш дорад, муш гўш. Гуфта будам? Гуфта будам...
Гўш накардӣ... Сазои сарат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо