Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Фаҳмидам. Донистам. Шинохтам... Дер шинохтам. Агар донам, сухане намегуфтам.
— Он қадар гуфтӣ, ки аз афсонаҳои Юнони Қадим ҳам фузунтар.
— Бале, ба назари ту чунин тобад. Дар асл чизе нагуфтаам, роҳ нишон додам, ки чӣ гуна ба висоли дўстдорат бояд бирасӣ.
Вале ту ба осмонҳо парвоз кардӣ ва чизакҳое бофтӣ... Ист! – рост ё дурўғ якбора садо кард Лимн. – Кистӣ?
Ҷавобе наомад. Лимн гардан ёзонда аз сари бурҷи диж ба паст нигарист ва фармуд:
— Туфу! Лаънат бод! Намедонам ноқаи бесоҳиб чӣ кор мекунад дар ин ғояти шаб.
— Ноқа? Ҳамон ки аз дур дидем? Шояд саворе дошта бошад?
— Надорад. Бесоҳиб. Вале шубҳанок. Бихезонем фавҷро?
— Лозим на. Ба пойи худ омадааст, ба пойи худ хоҳад рафт.
Чу! – садо кард аз боло Лимн ва гумонаш ки ҳама бедор шуданд.
Хеле нигарист. Касе пайдо нашуд. Ноқа пушти бора мегашт.
— Сабил монад, ҳама андешаҳоро пароканд. Арсинояро пеши назар доштам. Рост мегўям, Лимн. Дар дунё хушрўйтар аз ў касеро надидаам.
— Аз гетерҳо ҳам хушрўйтар? Ҳатто аз Барзин?
— Ман нашиносам онҳоро. Медонам, ки гоҳе гетерҳо мерақсанд, пеши назари ман Арсиноя меояд. Гумон мекунам, ки ў мерақсаду ман тамошо мекунам.
— Агар чунин, бояд мубориза бубарӣ, Никомах. Ҳамон роҳе, ки гуфтам. Дигар роҳ нахоҳад буд.
— Мубориза?
— Бале, Никомах.
— Вале бояд бигўям, ки ман аз он қаҳрамонони афсонавӣ нестам, ки худоён дар ҳолатҳои танг кўмак кунанд.
— Ту низ аз он қаҳрамононӣ. Ва нияти нек дорӣ. Худоён ёвар шаванд ва ба муродат расонанд.
— Ҳаҳ-ҳа! – баланд хандид Никомах. – Онҳо афсона. Ману ту надидаем ва ҳеҷ кас надидааст. Кадом Арастумиҷоз навиштааст.
— Магў чунин. Онҳое, ки чунин чизҳоро навиштаанд, низ одамони оддӣ набошанд. Онҳо низ фиристодагон ё дастёрони Худо ҳастанд. Дурусттар фикр бикун.
— Хуб, фикр кардам... Ва ман бо кӣ бояд...
— Бо Искандар...
— Ҳаҳ-ҳа! Як сари қоқ бо як лашкар?! Ту девонайӣ, Лимн.
Маро зинда ба зинда ба ҷаҳаннам фиристодан хоҳӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо