Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман нагуфтаам, ки ту бо лашкари ў ҷанг бикун. Мо бояд андеша кунем. Маслаҳату машварат шавад. Роҳ ҷўем, усул ҷўем...
Баъд...
— Баъд мирем... Ман намефаҳмам туро, андешаҳои туро, муроди туро.
— Бале, намефаҳмӣ муроди маро. То замоне ки Искандар ҳаст, касе рўйи Мақдуниё, дидори ёронро набинад.
— На, Лимн, хатост. Баъди сари Искандар ҳам касе набинад Мақдуниёро.
— Чун?
— Баъди сари Искандар аз замин рўяд маснадталаб. Чунон шавад, ки на шоҳ монад, на тахт. Аммо Мақдуниё хоҳ хуб, хоҳ бад боқӣ хоҳад монд.
— Аҷаб гўйӣ, Никомах.
— Аҷаб тобад туро. Маро муқаррарӣ бувад. Зеро душман натавонад кишвареро барафканад, нобуд созад. Тавонад, ки кохе нобуд кунад, тахт барҳам занад, аммо мулку мардумро саросар несту нобуд карда натавонад. Агар ҷуфте аз он қавму миллат боқӣ монад, боз рўяд он халқ.
— Ман туро нашинохта будаам, Никомах. Ё ҷанги Порс туро дигар карда, ё худ ёди Арсиноя.
— Оҳ Арсиноя! Боз ба ёдам овардӣ. Арсинояи зебои ман! Ба ёдат хоҳам зист! Ба бод мегўям арзамро: фаромўш макун. Хиёнат макун. Хоҳам вопас омад.
— Шунид. Ҳоло дар Мақдуниё дили шаб аст. Туро хоб хоҳад дид. Парешон хоҳад шуд. Беҳуда зиёд ёд кардӣ...
— Ҳар рўзу ҳар соату ҳар лаҳза ёд мекунам Арсинояи азизамро... Агар хоб бинад, сари субҳ ба хонаи мо меравад ва шармидаву сурх шуда, аз модарам мепурсад, ки аз писаратон чӣ паёме...
Инаш хуб набувад. Зодагонро парешон ва безобита хоҳад кард.
— Баракс хуб аст. Онҳо хоҳанд донист, ки писарашон дилкашолие дорад дар он ҷо. Хоҳ – нохоҳ вопас гардад. Қаҳрамон баргардад.
— Масхара кунӣ, а?
— Чӣ гуна масхара? Рост гўям. Агар дўст дорӣ, ҳар корро бикунӣ...
— Охир ман ўро зинда дарёфтан хоҳам, дидан хоҳам...
— Ман чӣ гуфтам?
—... на чунон ки қаҳрамонӣ кунам. – андешаашро идома медод Никомах ва гўйӣ ҳарфи Лимнро намешунид. Ва Лимн дар андешаи хеш буд:
— Ҳар ду як хел фикр мекунем, Никомах
— Қаҳрамонона ҳалок гаштан нахоҳам....
— Кӣ гуфт, ки ҳалок шавӣ?

пешина
аз 411
навбатӣ