Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Қаҳрамонона ҳалок шуда, дидори ўро набинам, чӣ зарур чунин қаҳрамонӣ?
— Зарур набувад.
— Агар мурод мурдан аст, ба ҳар ранг мурдан имкон дорад.
Ҳатто туро кушта натавонанд ва ё куштан нахоҳанд, метавонӣ худкушӣ кунӣ...
— Хуб, бигузор гуфтаи ту шавад. Худатро куштӣ ё накуштӣ, кори туст. Вале бо чунин роҳ ба висол нахоҳӣ расид... Чунин худрой ва саркаш бошӣ, ман нагуфтаму ту нашунидӣ.
— На. Ту гуфтиву ман шунидам.
— Чӣ хел?
— Ба дарди ман буд гуфтаҳоят. Дер боз нигарон будам, ки касе пайдо шавад, чизе бигўяд, то буғзи дил кафонам. Ташаккур туро, ки чунин сўҳбат кардем. Вагарна дилам имшаб ё фардо мекафид.
Ба каси ноошнову ношинос магар чизе гуфта мешавад?
— Танҳо ту на, Никомах, бисёриҳо гуфтаниҳои зиёдро дар дил нигоҳ дошта, мадда кунонда, оганда, ба дарди ғамбодаву дилларза мубтало гашта, силу зардоб шуда, мемиранд, аммо лом гуфта наметавонанд. Зеро гўянд, забонашонро мебуранд, нагўянд, дилкаф мешаванд. Пас чӣ бояд кард?
— Бояд хап гашт. Нигарон шуд, то Осмон аз куҷо дарз меорад.
— Хуш фармудӣ. Аксарияти халқони рўйи Замин чунин андеша доранд. Ба ҷуз Искандар. Искандар донад, ки агар Осмон дарз орад, эҳтиёҷ ба чизе намонад: на ба зар, на ба мубориза, на ба қаҳрамонӣ, на ба орзу, на ба ҳавас, на ба Арсиноя...
— Боз ба ёдам овардӣ... Арсиноя! Пеш аз он ки Осмон дарз орад, ман туро хоҳам дид! Арсиноя!!!
— Агар Осмон дарз орад, ҳоҷати сўиқасд набувад. Он гоҳ баду нек баробар хоҳад мурд...
— Ғараз чист, Лимн?
— Ғараз он аст, ки мо бояд мақдуниёнро бедор кунем ва онҳо зинда ба ватан баргарданд.
— Рост гўй, Лимн, низ орзуи тахту тоҷ дорӣ, ки ин қадар ҷон коҳонӣ?
— На, Никомах. Ту бояд дуруст фаҳмӣ нияти маро. Дилам сўзад ба Мақдуниё. Охир ту донӣ, ки мо куҷо омадем? Аз пайи сайди гурезон то ин ҷо расидем, номаълум буд; ана медорем, ана мегирем, гуфта бо шавқу завқ ба умеди зару зевар ба дарвозаи Биҳишт шудем. Баргаштан аз Биҳишт осон набувад. Бозгашт азоби ҷаҳаннам бувад. Роҳи дуру дарозро паймудан азоб. Оё ҷондоре то ватан расад ё на?
— Ёди ватан, орзуи дидори ёрон кашад, зуд хоҳем расид.
— Барои ин аввал озод бояд шуд.
— Ҳммм...

пешина
аз 411
навбатӣ