Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Беҳуда гуфтам, Никомах. Лозим набуд.
— Лозим буд.
— Чӣ-ӣ? Лозим буд? Пас чаро гўш надиҳӣ ба ҳарфи ман?
— Чун? Магар ман аз ғайб шунидам ин қадар гуфторро? Охир ман шунидам. Посух додам.
— Дониста: шунидӣ, посух додӣ. Аммо ба хулосае наомадӣ.
— Магар ин корест, ки кас зуд хулоса барорад?
— Зиҳӣ! Бояд биандешид, ки ин масъала то куҷо расонад моро.
Ман нагуфтаму ту нашунидӣ.
— Оре, ту нагуфтиву ман нашунидам... Ин ҷо субҳ медамад.
Дар Мақдуниё шаб аст.
БАНДИ ДУВВУМ
Ва Никомах хоб дид Арсинояро; баъди шабзиндадорӣ рўзона бихусбид андар саройи дижи Искандарии тозабунёд ва хоб дид Арсинояро: Андар харобаҳои қасри Искандари Аввал (ки аз ҷониби Хишоёршоҳ вайрон гашта буд) арўспўш сапеду болдор оғўш кушода меомад ба пешвози ў ва аз атроф садоҳо шунида мешуд: «Қаҳрамон омадӣ, хуш омадӣ!» Вале Никомах ба сўйи ў тохта наметавонад, зеро бораш гарон аст. Дар хўрҷини шарқӣ зару зевар бардоштааст, ҷайбу оғўшаш низ пур ва андар мўкии нави кўҳистониаш ҳам тангаҳои сиккаи порсист, халалгор шавад гашташро ва ў натавонад битозад ба истиқболи дилдодааш.
Ҳатто даҳонаш пур аз зар, натавонад гуфтан. Ғунг-ғунг кунад замбўрона: «Арсиноя! Барои ту, ҳамааш ба хотири ту!» Вале Арсиноя нашунавад. Боди тез дигар сўй бубарад овози гунгонаи Никомахро. Арсиноя хомўш, вале гирифтаҷигот тозад.
Бод сарандози арўсиашро барафканд ва бурд зайле ки дар паси сараш пар-пар мезад. Ба ҳаво бардошт, бурд то абрҳо. Ў метохту Никомах ҳанги гаштан надошт ва ҳеҷ намерасиданд ба ҳам.
Никомах сар фароз дошта менигарист сўйи фариштаи ба сурати кабўтари сапед гашта ва мехост тезтар гом бардорад. Чашмаш ба фаришта буд, ногоҳ пояш хўрд ба санги фитода аз кохи вайрона ва афтод пасрў. Аввал зари даҳонаш пош хўрд. Тангаҳо рехтанд аз хўрҷин. Никомах ба лату зарби пой нигоҳ накарда, тангаву пораҳои заро чида ба чашми хўрҷин меандохт, то Арсиноя ба ноўҳдабароии ў нахандад. Вале маҳбуба ҳеҷ намерасид ба ў.
Ва аз харобот мори айнакдоре хазида омад. Никомах надида буд онро. Пештар аз Арсиноя расид мор ва дасти ба зарпораҳо дарозшудаи Никомахро неш зад. Ў наъра кашид ҳам аз тарсу ҳам аз хавфи марг... Аз садои баланди хеш бедор шуд. Чашми Офтоб буд дар чашмаш. Дилаш бозӣ дошт чун дили гунҷишки ба даст уфтода. Зери обу арақ монда буд. Даст пеши чашм дошта, дида кушода, андаке ба худ омада, андешид, ки чӣ маънӣ дорад ин ҳама.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо