Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа
РОМАН
КАДЕВАР
Ба ёди ҳоҷӣ
Абдулҳамиди Панҷрўдӣ
ДАФТАРИ ЯКУМ
Аз Замин чӣ меҷўйӣ в-аз Фалак чӣ мехоҳӣ?
Гунбади сипеҳр аст он, чодари хаёл аст ин.
Сайидо
Муаллими ҷуғрофия ва табиатшиносӣ Бойҷон шогирдонро вазифаи хонагӣ супурд: «Ҳар кас орзуи кӣ шуданашро нависад.»
Магар шогирдон аз ин боб зиёд фикр мекарданд, ки баробари эълони устод «уррааа!» гўён ҷаҳиданду қарс заданд ва баъзе ину онро ном мегирифтанд, ки ҳаваси то ў расиданро доранд. Аммо писараки лоғарандоми хурдҷусса, бештар аз дигарон андешаманд дар зинапояи бинои дуошёнаи мактаб қарор истода, иморатҳои сангиву гилии зина-зина то нимаи кўҳ боло рафта ва дар миёни дарахтони чормағз пинҳон гаштаро аз назар гузаронида ва китобдонро зери каш чанд бор силкав дода, гўё ҷо ба ҷо кард ва роҳи қирпўши паҳлўи осорхонаи Рўдакиро гузашта, пули мошингузари болойи наҳри Рўдакро убур кард; зина-зинаву оринҷак-оринҷак тоб хўрда боло рафт, ки қисми зиёди ҳавлию ҳарами деҳаи Панҷрўд дар ҳамин ҷой – Куҳанқалъа маъво гирифта буд. Аз он баландӣ ё аз сари сангдеворҳо, рўйи бому аз тори дарахтон самти офтобрўяи русто метофт. Мақбараи гунбадшакли минўӣ, ки пайроҳаву зинаҳояш мармарӣ буд, дар доманаи кўҳҳои сўхта яке аз боғҳои минў менамуд. Дарун ва беруни гунбадро ў медонист; боғи паҳлўи онро низ бутта-бутта, ниҳол-ниҳол медонист. Боғи Рўдакӣ. Гўру гўрхонаи Рўдакӣ нигини ин мавзеъ буд. Рўдакии бузург мояи ифтихори мардум.
Бояд баччаи ҳушёру зирак дар рўзномаи хеш бинависад: «Чун Рўдакӣ будан мехоҳам.» Вале ҳоло чизеро муайян накардааст. Зеро гоҳе ки Давлатшоҳ аз боби адабиёт дарс мегузарад, ба назари шогирд бузургтар ва донишмандтар аз ин устод касе нест. Вақте ки Бойҷон гетишиносӣ мекунад ва харитаи олам дар кафи дасти ўст; он қадар таги замину рўйи заминро медонад, ки аз шиносони шогирд касе ҳаммонанди ў нест ё ҳеҷ кас чун муаллими тарбияи ҷисмонӣ дуру баланд намеҷаҳад; аз милисаи музофот ҳама бим доранд; хазинадори селпо мошинсавор... танҳо раиси колхоз камақлтар, вале маккор. Не, ў раис шуданӣ нест...
— Салом!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё