Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Салом!!!
— Шинед... Вазифаи хонагӣ: «Кӣ шудан мехоҳӣ?» буд. Ҳамин хел, баччаҳо?
— Ҳамин хел! – баробар садо доданд шогирдон.
— Ҳама тайёр?
— Ҳоооо...
— Хўш, баччаи Аҳад, кӣ шудан мехоҳӣ?
— Рўдакӣ!
Баробар хандиданд ҳамсинфон. Баччаи Аҳад ҳайрон нигарист:
«Чӣ механдед? Мо бузургтар аз Рўдакӣ кӣ дорем?»
— Мо барои ҳамин механдем!
— Шариф! Кӣ шудан мехоҳӣ?
— Милиса!
Зиёдтар хандиданд.
— Ҳоло истед, милиса шавам, хандаатонро аз биниатон мебарорам!
Баландтар хандиданд шарикдарсон.
— Абдухалил?
— Геолог!
Акси ҳол, шогирдон дам ба дарун заданд. Бисёриҳо андеша карданд, ки худро ба муаллим наздик гирифта чунин гуфт ў. Зеро геолог наздиктар бувад ба ҷуғрофидон. Иқлими Тоҷикистон чунин мутахассисро ниёз дорад. Аммо Бойҷон чунин андеша надорад, ки шогирдаш ўро ба инобат гирифта орзуи геолог шудан дошта бошад. Шояд барои касби падар ин чизро пазируфта бошад, ё орзўи навҷавонӣ ва ё аз дуруст интихоб накардани фанн сухани сари забониро гуфта бошад. Зеро ба ҳар касбе, ки дигарон орзуяшро мекунанд, ҳамсинфон хандиданд. Аммо муаллим ниҳоят ҷиддӣ.
Намехандад. Абдухалил чунин муаллимиро низ орзу дорад, зеро хеле зираку кунҷкоб ва сирру асрори офаринишу оламро донистан мехоҳад; дар зери замин чӣ ҳаст, дар қабат-қабати кўҳҳои сўхта ва арчазори соярўй чӣ ҳаст, донистан мехоҳад. Ба назари ў об аз зери арчазорҳо метаровад ва ганҷ зери кўҳҳои сўхта хобида. Боз чӣ буданаш мумкин, ки ў геолог шудан мехоҳад?
Ин чизро аз падар бояд пурсид... Ў мераваду дер меояд. Дар кўҳу пушта, таги шаху рўйи шах; дар баландиҳо рўз мегузаронад; чизе меҷўяд. Мазмун, ҳама элементҳои Менделеев кашф кардаро дар кўҳҳои Тоҷикистон пайдо карданист. Бале, аз падар бояд пурсид...
Вале падар камгўй. Мисли баъзе касони ба чизе ё ҷое расида даҳмардагўйӣ надорад. Ҳазор даҳан гўйӣ, «ҳа» мегўяд ё «на».
Агар ягон сухан хуш ояд, табассум мекунад. Дигар ҳама умр андешаманд. Ва мезебад ўро чунин хислату хў. Дарози бебар не; миёнақади варзидаи чусту чолок. Каси боре дида, боз бинам мегўяд, вале андеша мекунад, ки чаро ҳарф намезанад. Шояд бори гарони кўҳҳо, аз пурганҷу орому хомўш будани онҳо дарс омўхта бошад; тамкинаш низ аз ин рў бояд бошад.

пешина
аз 378
навбатӣ