Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин баъзан андеша мекунам, ки чаро одам ин қадар зуд худро гум мекунад ва худро намешинохтагӣ мешавад. Наход ман надонам, ки Очил кист? Ҳама медонанд-ку туро. Ба чӣ морбозиҳо курсии раисиро гирифтӣ, ҳама медонанд.
Боз ба чӣ рўзҳо гирифтор мегардӣ, ҳама мебинанд. Наход боре андеша накунӣ, ки замин ҳам, замон ҳам, макон ҳам аз сари ҳама мемонад. Пеш аз ту ҳам калон буд, баъди ту ҳам калон мешавад.
Сонӣ ана ҳамон калонҳои пешина барин хобатро ба об мегўйӣ.
Худо бузург аст. Ягон касро бе хонаву ҷой намондааст. Рўзиашро, маконашро гоҳи ба дунё омадан муайян месозад...»


Аз Тошканд телевизор овард, то ғами хонаи тангу ноҷавонмардии баъзе ошноҳоро аз сар дур андозад. Телевизорро андар токча гузоштанду антенаро тори бом рост карданд. Оинаи ҷаҳоннамо чизе нишон надод. Ҷойи онро дигар карданӣ шуда дар ҳар кунҷу гўша, миёнаи хона ва зери айвону гўшаи боми таҳхона гузоштанд, нагирифт. Дар оинаи он борону жолаву барфи сунъӣ, ки аз мавҷу пешбандҳои зиёд ҳосил мешуд, менамуд; баъзан як рахи зарҳалӣ пайи ҳам аз гўша ба гўша гузашта, гум мешуд, аммо чизе ё сурате ба чашм намерасид.
Аз куҷое хабари телевизор овардани Абдуҳамидро Забури кўҳбон шунида ба табрик омад. Аввал чизе нагуфта хуб ба кирдорҳои телевизоргузорӣ диққат дод; ба якдигарро тела дода бо шавқу завқ ва умеди зиёд ду чашм аз оина накандани кўдаконро тамошо кард, вале чизе маслиҳат дода натавонист. Оқибат тоқат карда натавонист:
«Дар шохи дарахт овезед, мегирад!» гуфт.
Ҳама ба ў нигаристанд, ки ин чӣ гуфтагиаш?
«Рост мегўм. Бемаъниро то аз пояш наовезанд, одам намешавад.
Ин сандуқи овардаатонро ҳам овезед, «кино» нишон медиҳад.»
Воқеан ҳам дар шохи дирахт овехтанд. Кино нишон надод.
Аммо дар оинааш дарахтон, кўҳ ва одамонро нишон дод, ки ҳама ором, карахт, ҳайрон ва умедвор ҷониби онҳо менигаристанд.
Ва якбора дастак зада «Инро бардор!» гуфтани Забур аз даруни оина намуд. Ҳама аз асрор огоҳ гашта баробар хандиданд, ки худамонро нишон медиҳад. Оина аз равшании офтоб сурати тамошобинонро нишон медод, дигар ҳеҷ.
— Худатона дидед? – пурсид бо завқ Забур, ки аз кори кардааш шод бошад.
— Дидем!
— Боз чӣ мехоҳед? Пул дода худатонро дар телевизор дида наметавонед. Бепул нишонатон дод. Пагоҳ дар олам овоза мешавад, ки панҷрўдиҳоро хонахез дар телевизор нишон дод.

пешина
аз 378
навбатӣ