Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Панҷрўдӣ-ку?
— Ҳамаамон панҷрўдӣ, аммо ҳар чиз ҳисоб дорад.
— Ҳисоб бикун, охир.
— Не, намешавад.
— Бин-дия, Очилдӣ. Замоне нагўйӣ, ки ҳамааш дар дасти худам буду як бор пешам наомадӣ.
— Не. Намегўям...
— Ман ҳам дигар пеши ту намеоям.
Ва азоб буд дар як хонаи танги қаламакорӣ, қабзафурўмон, вале асосу бунаш ворафта бо бачу качи зиёд умр ба сар бурдан.
Абдуҳамиди кўҳкан хонаи падариро афканда аз нав сохта бошад ҳам, танг буд макон. Ин чизро ў вақтҳое пай мебурд, ки солдармиён фарзандонаш меафзуданду бузург мешуданд ва ҳафтае як бор омада мерафт. Бисёр меандешид, ки бо кадом забон сухан кунад бо хешбаччааш. Хеш, ки ба ҳарфаш гўш надоду муҳимашро набаровард, пеши бегона рафтан чӣ медиҳад. Ягона роҳ ин аст, ки баччаҳоро як-як хондан фиристода, ҷойи тангро кушод бояд бикунад. Илоҷи дигаре нест. Шояд Очилдӣ бо кори нохубу қонундониаш, надониста ва ғайри ихтиёр онҳоро хубӣ кунад. Бо ҳамин баҳона ҳама фарзандон соҳиби илму маърифат гарданд.
«Шутур бузург, захмаш (яғираш) низ бузург. Баччаҳо хурд буданд, ташвишашон камтар буд: тўйи суннатии писарон гузашт. Мактаби ибтидойӣ хонондан лозим буд. Инак ба мактаби олӣ хондан мехоҳанд. Баъд ҳамаи инҳоро хонадор бикун. Вале парвои онҳо панҷ сер. Намедонанд, ки... Намедонанд. Калон шаванд, мефаҳманд... Хонанд, роҳи зиндагиашонро пайдо мекунанд...
Лекин ин хуносо чаро ин хел рафтор мекунад бо ман? Аз рўйи гапҳо, пул мегираду баъд замин медиҳад. Вале аз ман пул гирифта наметавонад. Коммунисти тоза мегўяд. Гўё ман ба ҳар ҷову ҳар кас овоза мекунам, ки Очил замини колхозро мефурўшад... Намедонам.
Намефаҳмам, ки чаро бо ман чунин рафтор мекунад. Амакбачча
– душманбачча. Аммо ман чӣ душмание дорам бо ў? Чаро чунин фикр кунад беҳуда. Беҳуда ҳам набудагист. Ғаммоз зиёд, далла зиёдтар. Занмиҷозҳо беҳисоб. Шояд ягон замон ягон гап шуда бошад, ҳамонро гиреҳ карда мегардад. Одамони мо ҳамин хел: то гўр мебаранд кинаашонро. Инҳо маҷбур месозанд, ки кас фикр кунад. Вагарна ман дар ин хусусҳо хаёл ҳам намекардам. Лабатро суст монӣ, ширеш мекунанд. Лекин, аз барои Худо, ҳамин дунё кирои ғуҷула надорад. Тую ман гуфтан ҳам ҳайф. Танҳо коре кардан лозим, ки баъди мамот ҳам ба некӣ ном баранд. Ман ҳамин некномиро дар кўҳҳо, дар сангҳо нақш карданӣ шудам. Аз баҳри ҳама чиз баромада, дилу ҷигари кўҳро пайдо кардан хостам, дар диёри худ бегона шудам. Он кас худашонро панҷрўдӣ мехонанду мани аз мағзи Панҷрўд рўйидаро бегона медонанд... Ман бад намегўям ҳеҷ касро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё