Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не. Чизе пай набурдаам. Дилам ба меҳнатҳои шумо месўзад, ки кор гуфта моро дар як ҳафта як бор медидед. Мо ҳам ҳар бори ба хона омадани шуморо ид медонистем. Чунон ки иди Наврўз дар як сол як бор меомад ва шумо мефармудед, ки бо равғани дунба ва гўшти кабк оши палав созанд. Ҳоло мо паррончак шудаем; ҳамболи шумо, баъзеҳо ният доранд, ки болҳоро бибуранд.
— Ин хел андеша накун, баччем. Ҳоло Партия пойдор аст. Ду гўсолаи рихин оламро олонда наметавонад. Ноумед набояд шуд, бахусус аз Партия. Хубии ин корҳо дар он ки танҳо райком ё ташкилоти партиявии идора ин корро ҳаллу фасл карда наметавонад. Вилоят ҳаст, Ҷумҳурӣ ҳаст... ҳеҷ ки нашуд, Комитети Марказӣ ҳаст. Инҳо тушбераро хом шумурдаанд. Ин ҷо муаммое нест. Ҳамин ҷойи кори мо ба кадоме лозим шудааст. Як чиз сар шудааст, ки вазифаҳоро кам-кам ба савдо монданианд. Чунон ки ба сафи Партия дохил шудан ҳам ба ин ҷараён майл дорад. Фардо бояд ҳама чизро ба савдо зананд. Ин фикру андешаҳо хомакӣ.
Ҳоло касе намедонад, ки пешомад чӣ гуна аст... Ба ҳар ҳол ҳушёр бояд шуд. Ҳар гапро дар ҳар ҷо гуфтан лозим нест. Девор муш дорад, муш – гўш. Манфиатҷўйҳо зиёд. Аз мўрча фил сохта даҳон ба даҳону гўш ба гўш мебаранд.
— Куҷо ҳай кунам, дада? – мазмун аз суханони шогирдонаи писар падар ранҷид ё барои партия шуда ғамӣ гашт, ки таъкид кард. Халил барои инони суханро ба дигар сў гардонидан чунин пурсид.
— Хона равем. Камтар дам гирем. Баъд ту ба мактабат рав...
— Не. Агар рафти зиндагӣ чунин бошад, мактаб-пактаб лозим нест. Дунёро дигар мекардагӣ бошанд, ҳама хондаҳои мо, ҷонканиҳои муаллимон ботил мешаванд. Баъзан дар хобам медарояд, ки ҳама дар осмонҳо парвоз мекунанд, ҳатто мошинсавор парвоз мекунанд. Чунон зиёданд, ки ҳеҷ села ба ин зичӣ парвоз намекунад, ки пеши офтобро бигирад.
— Инҳо парвозҳои даргузар, баччем. Як лаҳза мепарранду пару болашон сўхта, меафтанд. Лекин дар хоб парвоз кардан ё ба баландиҳо баромадан хуб аст. Шояд онҳо андеша дошта бошанд, ки СССР як мамлакате шавад, ки мартабаву обрў ва эътибораш аз буда зиёдтар ва баландтар гардад. Ҳама ҳаваси чунин кишварро карда, ба тамошо оянд...
Халил чизе нагуфт. Балки чун аз шаҳр баромад, гази мошинро баландтар кард ва падар нияти ўро пай бурд, ки зудтар хона расидан мехоҳад, сар ба муттакои курсӣ гузошта хешро ба хоб андохт. Халил чунин ҳолати падарро дида андаке тасаллӣ меёфт, ки шояд даме роҳат карда оромтар гардад. Зеро ҳар боре, ки ба тарафи рост гашта ба падар менгарист, ранги рўйи ўро заъфаронӣ медид, вале худро фиреб медод, ки ранги офтоби ғуруб бувад, ки аз паси шиша тобад.

пешина
аз 378
навбатӣ