Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо ҳам шабҳо хоб ҳаром мекунем, то одам шавем, манфиатамон ба ҷамъият ё ақаллан ба ягон фитодае расад. Аммо ин пиркорҳои доғулӣ ва соддамуғамбир дили касро ба Оламу одам сард мегардонанд. Ман, ки кӣ будани падарро аз ҳар кас хубтар медонам ва чӣ дилу ният доштанашро сарфаҳм меравам... ҳамин хел касро, ки ба чунин бунбасте оварда сайд барин гулўгир карданӣ мешаванд ва ё дар коҳдоне ҷо гиронда каҳдуд андохтан мехоҳанд, зиёда аз ин чӣ мемонад? Коҳидани наҳзатҳо дуруст мебарояд, футур рафтани қасри амал ё садҳои оҳаниву бетонӣ воҷиб мегардад, ботил гаштани моддаҳои ахлоқӣ амри воқеист. Ва мо зўр мезанем, ки одам шавем. Баъди дидану донистани чунин дасисаҳо, ғаммозиҳо, одамфурўшӣ ва сафедро сиёҳ хондану сиёҳро сафед ҷилва додан чӣ ҷойи шукру шикоят мемонад?»
— Дада!?
— Лаббай?
— Ҳоло ҳам шумо ба ҳамин партиявиҳо бовар доред?
Падар зуд посух надод. Зеро намедонист, ки муроди писар аз чунин пурс чист.
— Ман ба партиявиҳо не, ба партия бовар дорам, баччем.
— Медонистам, ки ҳамин хел мегўед. Пас боз як партияи дигар лозим будааст.
— Чӣ хел?
— Ҳамин хел, ки як бори дигар тоза кунанд сафи партияро. Аз ленинчиён монда бошад, дар он партия ҷой диҳанд. Боқӣ дар сафи партияи буда монанд ва минбаъд, ки қабул мекунанд, дар ҳамин партияи нав бошанд. Партияи ленинӣ гум шуда истодааст. Ба он аз паси панҷа менигаристагиҳо зиёд. Ба назари мо – донишҷўён «Бозсозӣ» ҳамин корро ба сомон мерасонад. Зеро ҳама чизро нав карданист. Оламро ҳам нав карданист, аммо зўраш намерасад.
Сохтро одамонро нав карданист. Як нафар, ки аз дини зардуштӣ гузашта, дини насрониро мепазирад ва боз онро фурўхта, ба мусулмонӣ мегаравад, ў чӣ кас аст? Ё соҳиби вазифаву мансабу ҷоҳу ҷалол шавам, гуфта тағоро восита мекунад, ки дар сафи партияи коммунистӣ бошад, покӣ ва ҳалолии чунин партия чӣ мешавад?
Ё номи партияро ҳадафи охирин дониста судҷўйӣ мекунад, ба чӣ умед бастан мумкин аст? Ман ҳоло бачча, дада, шояд ин чизҳоро сарфаҳм наравам, лекин медонам, ки гуноҳи садрнишинон кам нест. Блоки партиявӣ ва бепартиявӣ, гуфта ҷудо мекарданд. Лекин вақте ки сухан дар сари вазифаҳои баланд ё сардории идора мерафт, блоки дуввум гум мешуд. Ба рўйи одамони тавоно ва доно нигариста мегуфтанд: «Афсўс, узви партия нестед, вагарна ҳамин вазифа лойиқи шумо буд». Ва олам пур аз афсўс мешуд.
— Магар ягон чиз пай бурдайӣ, Халилҷон?

пешина
аз 378
навбатӣ