Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале дилаш беқарор, гаштаву баргашта менигарад ва коҳида мебинад ранги рухашро, дар дилаш як сўзан мехалад.
Падар тоқиро аз сари тоза тарошидааш, ки доим чунин мегашт, гирифта, дудаста медорад. Ангорад, ки ғанаб дорад. Дар асл вай намехоҳад, ки бедор бошад. Зеро боз масъалае ба миён ояд, ки бойиси ранҷишу ғами тозаи писар гардад; ташвиш намедиҳад ҳеҷ касро, ҳатто писаронро. Ў монанд аст ба замин, ки ҳар қадар кўҳҳо бузургтар шаванд, мебардорад. Ва ҳоло беҳуда назди мудири шўъбаи хоҷагии қишлоқ ва назди сардори идораи геологӣ рафтанашро дар дил нафрат мекунад, ки суханаш ройгон рафт.
Як навъ пастӣ, ба ҳар каси нокас ё ноўҳдабаро сухан кардан ҳайф аст. Ҳайф аст барбеҳуда бадном гаштан. Яқин рўзе мерасад, ки аз омад ё ноомади кор суханони онҳо ба мазмуни дилхоҳашон мегардад: кор хуб шавад, «ҳамон омада маслиҳат карданатон фоида кард» мегўянд. Агар ноомади кор шавад, таънаомез: «назди ман ҳам омада буд» мегўянд. Дилаш ғулғула дорад. Ҳеҷ чиз маълум нест, ў хулоса мебарорад: «Шармандагӣ...»
Аммо Халил пиндорад, ки падар осудаву бароҳат аст, мошинро сусттар меронад ва дар роҳҳои ноҳамвор оҳиста тормузро пахш карда мегузарад, то аз лангари мошин падар хобпар нагардад.


Он шаб омадану рафтагор будани Халилро баҳона карда ҳама хешон гирд омаданд дар хонаи бобойӣ. Ин ҳамон ҳавлиест, ки хонааш аз сангу чўбу гил сохта шуда буд ва ҳама писарони бобойи Холиқ ва наберагонашро гунҷонида наметавонист. Баъд Абдуҳамид онро афканда, тарҳи дигар рехт ва дар гўшае хонаҳои урфӣ сохт ва хост ҳамаро дар он хона ҷой гиронад. Аммо ҳамаро дар як кулба ё ду-се ҳуҷра ҷой гирондан кори саҳл набувад. Чунон ки ҳоло ду мошин дар таги дарвозахонаи ҳавлӣ намегунҷад.
Мошини падар зери дарвозахона бошад, мошини писар берун аз дарвоза мемонад ва баракс. Ҳамин чиз ҳам касро такон медиҳад, ки манзил бояд ҳам ҷойи зист ва ҳам гўшаи роҳату истироҳат дошта бошад. Саворае меҳмон шавад, уловашро ҷой дода тавонӣ.
Улови инзамона мошин аст. Йему алаф нагўяд ҳам, ҷойи осудаву бехавф мехоҳад. Ва акнун Халил дар ин хусус зиёд фикр мекунад, вале ғами аввал ғами беҳии кори падар аст.
Баъзе бародарон, ки дар дафтари хоҷагии колхоз номнавис доштанд, илоҷе карда, шаш сотих замини лалмии ёнаву ёла гирифта, бо азобҳои алим кандаву воту марза бардошта ва пасту баланд хонаҳо сохта, бурёкўбон не, аламбаророн мекунанд, ки манзилдор шуданд. Абдуҳамид бо раиси колхоз ба ҷанг хестанӣ шуда бошад ҳам, заминаш надоданд. Ва ў ба ҷое рафта арзу шикоят накард, ки замин мебод, то писаронро хонадор кунад.

пешина
аз 378
навбатӣ