Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Нашуд.
Ва дар ҳамин ҷамъомад Халил ваъда кард падарро, ки ў коргар шудааст; ҳам мехонаду ҳам кор мекунад, пул пайдо карда оварда ҳавлиҳои фурўшӣ мехарад. Зеро аз шаҳри Панҷакат яҳудиёну олмониҳо ва русҳову тоторҳо кўч баста истодаанд, баъзе аз ҳамон хонаҳоро харидорӣ хоҳанд кард.
«Вале ин корҳо баъдтар сомон мепазирад, ҳолиё ғами бузу гўсфандро бояд хўрд.»
Шаҳри тозакуҳан дар домани талу теппаҳо реша медавонд.
Меҳмонхонаи «Мусофирон» зина-зина сохта шуда буд ва кохи «Геолог» гўйӣ бар марзае. Чунин кохи бо ҳазор орзуву армон сохташуда имрўз ба назари Абдуҳамид тўҳматхонаро мемонд: он қадар заҳмату меҳнат ва ҷонбакаф шабро шабу рўзро рўз нагуфта хизмат кардани ў ба як санади сохтаву бофтаи Нозим Тайиб баробар наомад. Зеро Абдуҳамид аз рўйи моддаҳои Оинномаи Партияи Коммунистӣ кор кард ва Нозим Тайиб аз рўйи принсипи партиявӣ санад навишт; кори Абдуҳамид коғазу санад надорад, вале навиштаҳои Нозим Тайиб (рост аст ё дурўғ) далелу рақам дорад. Ин як рўйи танга. Рўйи дигари танга низ бояд нақше дошта бошад. Дар он рўй як ранги сиёҳ андуда шуда буд, ки онро ба ҳеҷ маҳлул ё хока зудудан имкон надошт. Аз ин рў бурданду оварданд, аз моддаҳои Оиннома бурҳони қотеъ сохтанд, гуфтанду шуниданд, буриданду дўхтанд ва кор то ҷое расид, ки коммунист Абдуҳамиди Холиқро аз сафи партия хориҷ кунанд. Абдуҳамид аз рафтор ва гуфтори онҳо – ҳамкорон ва шиносҳои наздик, ки ҳамаашонро одамони хуб мепиндошт, арақ кард. Арақи кам не, то ҳадде ки на танҳо тоқиаш тар шуд, балки либосҳояш ҳам нам кашид. Ангу ҳайрон монд, ки Партия тарбия карда то осмон мебаровардааст ва «паррончак шуд» гуфта раҳо мекардааст. Чун Осмон дастгираке надорад, паршутчии паршудаташ кушода нашуда барин мисоли санги кулўла зер омада, ба замин зада, ба ҳафт қабати он фурў мерафтаӣ, ки ҳазор аз гўшат боло кашанд, баромада наметавонистайӣ. Ҳамин хел будааст. Вале ҳоло Замин накафид, то ин коммунисти содиқ дарояд. Ё ҳамчун Нори Солеҳ аз таъқиби шўрапуштон, ки дошта куштанӣ буданд, гурехта ба тахтасанги дарз оварда дарояд ва он санг худ аз худ дарона пўшида гардад. Ҳаминро мехост Абдуҳамид ва ҳар гоҳ ба баҳонаи аз шарм сар ба замин андохтан зери пой менигарист, ки фарши он дарз меорад ё на. Он қадар арақ кард, ки ҷуроби пояш ҳам тар шуд. Ва як бўйи бади биникаркунандаи пой омад. Пиндошт, ки пойи ў аз бисёр рост истодан ва азият кашидан бўй гирифт ва арақ онро бурун овард. Ба дигарон нигарист, ки рўймолчаҳо ба бинӣ медоранд, баъзеҳо месурфанд, ба якдигар бад-бад менигаранд ва ҳар гоҳ ҷониби котиби ташкилоти ибтидоии партиявӣ дида медўзанд, ки ба маҷлис хотима бахшад ва эълон кунад, ки рўзи дигар оббозӣ карда ва ё пойҳояшонро шушта оянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо