Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳама безобита буданд; Абдуҳамидро зиёдтар арақ пахш карда буд. Чашмаш ба пойи нафаре афтид, ки аз попўшҳо бароварда, аз таги курсӣ пушт бурда ва нўки панҷа даруни кафш ҷунбон-ҷунбон мекард, то бўяш ба бинии хеш камтар расад. Ҳоло аҳли маҷлис Абдуҳамидро ба гунаҳгорӣ бадном мекунанд, вагарна пеш рафта як лагад ба пойи ў зада аз ҷой мехезонд ва садри маҷлисро хоҳиш мекард, ки аз толор ронадаш; коммунисти беадабро ронад, ки барои беодобӣ, ифлосӣ ва бадбўйӣ ҷазое нест. Ҳол он ки бадтарин чиз ин аст.
Ва гоҳе ки барои Абдуҳамидро аз сафи Партияи Коммунистӣ хориҷ кардан қарор қабул бароварданд, вақти баромад ўро дами дар боздошта, фармуд: «Баргу шохи ширинбуяро ҷўшонида ним соат поятонро дар обаш нигаҳ доред». Ў як ба Абдуҳамид нигариста ғазаб кард ва пас сурх гашта, пой аз остона бурун ниҳод, ки боди шайтўлот ҳама бўйҳоро ба ҳам омехта меронад ва ба ҷойи ҳамаи он ношамиданиҳои нобоб чангу гард ба рўй мезанад.
Ва ҳанўз Халил ба Душанбе нарафта, дарвозаи ҳавлиашон тақ-тақ шуд. Даричаи дарвозаро кушода диданд, ки як мошин дар паси мошини Халил қарор дорад ва чароғаш рост ба чашми аз дарвоза бароянда мезанад.
— Холиқов лозим.
Фармуд касе аз тирезаи мошин сар бароварда.
Абдуҳамид баромад ва мошини идораи кумитаи партиявии шаҳриро шинохта пеш омад. Онҳо аз мошин нафуромада, салому алейк карданд ва расонданд, ки пагоҳ соати 10 дар бюрои партиявӣ ҳозир шавад. Ҳарчанд ў медонист, ки ин хабар чӣ маънӣ дорад, ба гумонаш дилаш шорида зери пой фуромад ва танашро арақи сард пахш кард.
— Хуб. – гуфт ў ба як пиёла чой хондани онҳоро фаромўш карда. Зеро аз мошин нафуромада ва хунуку тунук муомила карданашонро фоли бад пиндошт; напурсид, ки «бюро» чӣ масъала доштааст. Баъд андешид, ки ў узви бюро нест ва ўро дар чунин маҷлиси шукўҳманд хонданашон бебало набояд бошад.
Назди хешон нанишаста, ба болохонаи тори дарвозахона даромада худ ба худ андешид, ки қарори маҷлиси ташкилоти ибтидоии партиявии геология расидааст, ки ба бюрои партиявии шаҳр даъват кардаанд... Фикрашро садои ғур-ғури касони дами дарвозахона парешон кард. Онҳо бояд бо Халил хайрухуш мекарданд.
Вале ҳанўз ба хайрухуши падар наомадааст. Падар рўйи дивани махсус барояш омода сохта рўболо хобида, умри рафта, корҳои шуда ва оқибати онро ба таври хеш – бо донишу фаҳмиши худ муҳокима ва баҳогузорӣ мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо