Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале ҷойи ҳама андешаҳоро пагоҳ ба Душанбе рафтан ва ё нарафтанӣ Халил гирифт.
«Ҳоло рафтани ман аниқ нест» – садои Халил буд, ки яқин маҷлиси фардоро фаҳмида аз раъяш гаштааст, то наравад. Аммо падар мехоҳад, ки равад. Зеро хондан заруртар аст аз ҳама гуна маҷлису маҷлисбозӣ: «Ба ҳар ҳол ҷонамро намегиранд... Лекин шармандагӣ. Маро танбеҳ додан ё аз сафи партия хориҷ кардан баробар ба марги ман аст. Ман дар вақташ тохтутоз ва ё зорӣ накардаам, ки ба сафи партияи ленинӣ қабул кунанд. Худашон кору борамро дида варақа доданд, ки пур кунам, арзандаи дар сафи партия будан ҳастам. Чунон ки Ашўри сарчўпони колхози Ждановро дар сари ағба чун узви партия пазируфта буданд, ки аз сад сар меш як саду бист сар барра мегирад. Акнун чӣ фарқ дорад, ки аз як меш ду сар барра гирӣ ё панҷоҳ сар гўсфандро ба панҷсад сар расонӣ? Намефаҳмам... аслаш ҳамин фикрҳо лозим нест. Обро дида мўза бояд кашид. Вале ман чаро аз пода пеш чанг мехезонам, намедонам...»
Тамоми шаб хобаш набурд Абдуҳамидро. Як машғулӣ ҳам набуд, ки хешро овора гардонад. Арақ намехўрад, ки хумор шиканад. Сигарет намекашад, ки андешаҳояшро пароканда кунад ё ўро ба худ орад. Ҳатто носи бобойӣ намекашад, ки зери забонашро сўзонида, обашро бароварда, чизи ифлосу ҳаром буданаш маълум гардад ё ақаллан ғашашро орад.
«Абдухалил рафтанӣ нест. Истода, анҷому фарҷоми кори падарро фаҳмидаву дониста, пасон рафтанист. Фарзанд-дия. Фарзанди хондагӣ. Ба як чиз – ним чиз ақлаш медавад. Фарзанди нохонда парво ҳам надорад: «мегузарад меравад» мегўяд. Нигарон мешавад, то аз худо чӣ ояд.»
Ҳамин замон аз паси дар сурфаи Халил баромад ва падар, ки тирезаро кушода дар шаби тор гўё деҳаи Панҷрўдро тамошо мекард, худро аз пештахтаи тиреза андаке пас кашид. Воқеан ў деҳаро тамошо мекард: якчанд дарахт ва биноро хира-хира бинад ҳам, медонист, ки дар куҷо хонаи кӣ ҷойгир шудааст. Дарвозааш чӣ гуна аст? Ҳавлиаш дору дарахт дорад ё на? Дар соярў чанд буна ҳасту чанд хоҷагӣ, дар офтобрўя аз ин зиёдтар аст ё камтар. Киҳо буданд дар ин ҳавливу ҳарамҳо, куҷо рафтанд ва кӣ мондааст. Аз ҳама пири деҳа кист? Чӣ гуна одам аст? Шохаҳои шаҷарааш аз куҷост? Баччаи кӣ мактаби олиро хатм кард, сонӣ куҷо рафт ва то чӣ дараҷаҳо расид? Одатан чунин чизҳоро вақтҳои танҳойӣ, бекорӣ, мошинронӣ андеша мекард. Ҳоло як бори дигар ҳама андешае, ки дар умраш карда буд, аз зеҳн гузаронданӣ шуд. Намегунҷад. Зеро хаёлҳои парешон ҷойи он чизҳоро гирифтаанд, ҳамааш ба ёд намеояд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо