Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Халил дарро кушод. Падарро дуртар аз тирезаи боз рост истода дида, ҳайрон шуд ва чизе нагуфта оҳиста пўшида рафтанӣ буд, ки падар фармуд:
— Очата гўй, як чойник чойи талх дам карда биёрад!
Халил ларзиши овози падарро фарқ кард. То парешон нагардад, ба сухани падар чизе нагуфта таъйинашро ба модар гуфт.
Аммо донист, ки падар сахт парешон аст ва андешаи фардоро дорад.
Бо вуҷуди он Халил худаш чойро назди падар овард.
— Пагоҳ рафтанийӣ, Абдухалил?
— Не, дада. Пагоҳ ҳамроҳи шумо рафтанӣ.
— Нағз намешавад, писарам. Хондан зарур.
— Ба шумо дастёр лозим. Бо чунин аҳвол сари рул нишаста рафтанатон хуб нест.
— Ман – зўр, баччем. Чӣ шудааст?
— Ман ҳам ҳаминро пурсиданӣ, дада, ки чӣ шудааст? Партиясозонро чаппаву роста гардонида истодаанд, шумо ғами як дафтарчаро мехўред, ки ҳеҷ чиз намедиҳад.
— Ин хел нагў, писарам.
— Агар медодагиаш ҳамин бошад; гулўи шуморо руст карда, об намегузаронида бошад; обрўятонро аз барои ду пула кор ё барбеҳуда мерезонда бошад, чӣ лозим чунин партия?
— Чунин корҳои зишту қабеҳро партия намекунад, писарам.
Чунон ки ба чашмат мебинӣ, ин ҳама кори одам ё баччаи одам аст. Онҳо, гуфтам-ку, қасдан чунин корҳои ношоистаро мекунанд, то эътибори партия паст шавад ва обрўяш резад. Ин корҳо барои резондани обрўи аъзои қатории Партияи Коммунистӣ нест...
— Ба ҳар ҳол, аз Маскав то Помир миш-мишу ҷунбишҳо ҳаст.
Баъд ришдорҳое пайдо шудаанд, ки аз Марғелон ё Андиҷон омада сари мардуми содаро ба ҳар сў мегардонанд. Ин ҷойҳо тинҷ, дада.
Аммо дар тарафҳои Ҷануб, ба қавли худашон, корҳо ҷиғел.
— Ба ин корҳо шарик шудан лозим нест. Ҳатто номаша гирифтан ҳам лозим нест. Лекин лозим шавад, онҳо аз Покистон ҳам меоянд. Ҷонваракҳои мо ин чизҳоро дида наметавонанд, зери пойи онҳоеро мекобанд, ки корҳои хуб мекунанд.
— Шумо беҳуда худатонро азоб медиҳед. Замин надод, ки барои баччаҳо хона созам, гуфта як ғам мехўред; дар назди партия шарманда мешавам, гуфта ғами дигар мехўред; ҷазои партиявӣ медиҳанд, гуфта боз ғам мехўред...
— Синнат то ҷое расад, баъд ин чизҳоро мефаҳмӣ. Дар миёни мардум кори хуб карда, обрў гирифта, ангуштнамо шавӣ, туро то осмонҳо бароварда ва якбора аз он баландӣ ба замин зананд, чӣ хубие дорад зиндагӣ? Боз баъди чунин кору бор миёни халқ сар бардошта гардӣ, чӣ маънӣ дорад?

пешина
аз 378
навбатӣ