Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳанўз дар водии Зарафшон ягон кор сомон напазируфта, Халил бозомад.
Гўё азДушанде истода аз рафти кори падар ахбор гирифта бошад, чизе напурсид, балки коғазпечро рўйи дастархон назди падар гузошт.
Падар ба коғазпеч нигаристу ба Халил, ба Халил нигаристу ба коғазпеч. Сукут варзид. Халил маънии сукути падарро пай бурд ё тахмин кард, ки албатта дар дил суоле дорад, аммо аз гуфтанаш ибо мекунад, ки лаққигӣ нашавад.
— Аз куҷо?
Ин ҳамон пурсе буд, ки Халил тахмин карда буд. Хеле худдорӣ кард, сонӣ фармуд:
— Музди кор.
— Чӣ гуна кор?
— «Фаридун» ном корхонае кушодам...
— Боз ягон банк- манкро назада бошед?
— Ман писари шумо бошаму чунин фикр кунед, чӣ гўям?
— То ба чашмам набинам, бовар намекунам.
— Худам ҳам чунин фикр доштам, ки шуморо барам; ҳам кори моро бинеду ҳам каме дам гиред.
— Агар ҳамин кори муҷмал намебуд. Худи ҳозир мерафтам.
Бовар намекунам, ки донишҷў дар як муддати кўтоҳ он қадар пул ёбад, ки падараш дар тўли умраш надидааст.
— Хотирро ҷамъ ва дилро пур доред, ки пули ҳалол аст. Замони корчаллонҳо расидааст...
— Яъне, фиребгарҳо?
— Не, дада. Як замоне, ки одамон ақли сару ақли дилро бояд кор бифармоянд.
— Ба чашмам бинам, сонӣ ҳарфамро мегўям.
— Майлатон, дада. Дида, арз кунед. Лекин ягон бор тарафҳои шаҳр рафтед?
— Нарафтаам.
— Ягон кас ҳам омада...
Ҳамин вақт дарвоза тақ-тақ шуд. Баъд гуфтугў шуд, ки Абдуҳамид садои шиносро шинохт. «Рауф» гуфт ва коғазпечро ба Халил дароз кард, то байни рахти кўрпаҳо монад. Монд. Дарро кушод, то меҳмон дарояд. Рауф пойи рост аз остона дарун гузошта, салом арз кард ва Абдуҳамид бархеста саломи ўро алейк гирифт.
— Абдухалилҷон ҳамин ҷо-ку, – гуфта аввал бо вай бағалкаш вохўрдӣ кард, сонӣ Абдуҳамидро ба танг кашида бародарвор аз буни гарданаш бўйид. Ва миёни падару писар нишаста, даст ба дуо бардошт: «Дўстон – тоҷи сар, душманон – зери по!» Аз роҳи дур пиёда омадагӣ барин дам ба дарун истод. Баъд як нафаси дароз баровард, ки ҳама хастагиаш барояд: «Уффф!!! Абдуҳамид, нағз ҳастед, додарам?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо