Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Шукр, ако.
— Абдухалилҷон гуфтанд, ки шумо рафтаед, нағзак ҳастед?
— Нағз, амак. Рафта будам, омадам.
— Худо бурда биёрад, шери амакаш... Наомадетон, зиқ шудам...
Гуфтам, як хабар гирам.
— Кори сара кардед, ако. Ташвиши зиёд кашидед.
— Ташвиши чӣ? Барои шумо барин инсон чӣ қадар хизмат кунед, кам аст.
— Миннатдор, ако.
— Дар чанд рўзи набуданатон, хаёл кардам, ки дунё бесоҳиб шудааст. Худамро дар як чўл танҳо ҳис кардам. Ҳамин хел шуд, ки дар Работ як гов намонад, ҳеҷ чиз намонад, ҳама ҷоро сел барад, ягон каси дилсўз пайдо намешавад, ки роҳи кор нишон диҳад ё он ҳамаро сариштаву эҳтиёт кунад. Вай хоҳаратон Нисо-ку, «ба аком чӣ шуда бошад?» гуфта дарунаша тарбузи лалмӣ барин хўрд.
— Тинҷӣ, ако, тинҷӣ.
— Илоҳӣ тинҷӣ бошад... Баъд, чи-ба давр намезанед? Дилмонда шудед аз одамон?
— Неее...
— Не, нагўед. Ман ҳам баъзан кирдору рафтори одамонро дида, хафа мешавам ва рў ба Худо меораму шиква мекунам, ки чаро маро ҳайвон наофаридӣ.
— Инту нагўед.
— Не, ҳамин хел, Абдуҳамид. Ман кирдору рафтори ҳайвонҳоро дида бо рафтору кирдори одамон муқоиса мекунам. Ба номи Худо, корҳои ношоистае, ки инсон мекунад, аз дасти ҳайвон намеояд. Ё шайтон, ки надорад, ақлаш ба он чизҳо намедавад.
Ба корҳои зишту бад, албатта. Ман ҳамон дарозгўшамро дар замин мех карда мемонам, дар ҳар фосила ҳанг мегўяд. Хизмат мекунад. Дигар ман бадии онро намебинам.
— Чой гиред, амак. – пиёлаи чойро дароз кард Халил.
— Ба дастархон нигоҳ кунед, Абдурауф.
— Бисмиллоҳи раҳмони раҳим... – буридаи нонро гирифта чун одат дар чойи пиёла тар кард, ки ба милкҳои бедандонаш таъсир нарасонад. Манаҳаш пасту боло ҷунбида нонро фурў бурда ба гап даромад: – Ээээ, дар ин умри кўтоҳ чиҳое дидему шунидем. Чӣ сардорҳое буданд. Ба назари ман ҳар рўз меомаданду мерафтанд. Гумон мекардам, ки дар дунё аз халқ сардор зиёдтар.
Ҳар кас корфармо дошт. Ягон касро намедидед, ки ба каси дигар фармонфармойӣ накунад. Ин аз ҳама пасташ – охири охирон, одами дўғ мезадагӣ наёбад, аламашро аз ягон ҳайвон мегирифт; ё ба сари асп тозиёна мезад, ё бар каллаи хар халачўб меандохт, ё сагро сиёсат карда пеши по мекард, ё бузи пой дар банди дарахт гузоштаву, шохшиканро шох мешикаст... Хулоса инро шумо аз ман хубтар медонед, Абдуҳамид, ҳар зердаст забардасте доштааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо