Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ана ҳамон зердасти азобдида...
— Ман нисбати шумо беэҳтиромӣ карда бошам, бубахшед.
— Неее, Абдуҳамид, шумо нафаҳмидед. Ин қаринаи ман ба шомоти ману шумо не. Дунё як корҳое, касоне дорад, ки дида ҳайрон мешавед. Худованд (ба номаш мурам) шумобаринҳоро ҳам офаридаасту онҳобаринҳоро ҳам. Ҳоҷати гуфтани ман нест, худатон ҳамаашро даҳ ангушт борин медонед. Ман як гапи дигар шунидам, Абдуҳамид.
— Хўш?
— Мегуфтанд, ки дунё охир шудан гирад, пайғамбаре ё подшоҳе пайдо мешудааст, ки дар сараш мўҳр дорад. Ҳамин мўҳр нишонаи пайғамбари охирзамон будани ўст. Вай пайғамбар ягон ободӣ карда наметавонистааст. Кораш вайронкорӣ ва қасосгирӣ буда, бо ҳамин баҳона «Ҷаҳонро дигар мекунам» гуфта, одамони хубро нобуд месохтааст ё аз сари корҳо дур андохта, такя ба дузду каллабуру хунхорҳо ва маҳбусҳо карда, дари ҳама зиндонҳоро мекушодааст ва оламро мўру малах барин озору азобкашидагон пахш карда, ҳама чизро несту нобуд месохтаанд ва ба ҷойи хеш онҳоеро ҳабсу зиндон мекардаанд, ки ҷафо дида буданд. Яъне, ман гуфтанӣ, ки Абдуҳамид, чӣ фарқ дорад? Модоме ки инҳо ҳам ҳамин қадар ҷабру ҷафо кашида бо мадади он холдор аз зиндон озод гашта, шукр накарда боз ҷафокорӣ мекарда бошанд, чӣ тафовуте, ки ман шоҳ бошам ё шумо. Ин ба шомоти ману шумо не, Абдуҳамид. Ман ҳамон холдорро дар назар дорам. Ин хел бошад, пайғамбари холдору мўҳрдори охирзамон аз Заҳҳоки морон чӣ фарқ дорад? Гўрбачуф, а? Сияҳкорӣ, ки мекарда бошад, маълум, ки Аҳриман ҳамин аст? Ё ман намефаҳмам, Абдуҳамид?
— Шумо нағз мефаҳмед, лекин ҷилави давлатдориро ҳеҷ гоҳ ба дасти одамони хуб намедиҳанд. Онҳо худашон ҳазору як шайтонӣ карда, ба пояҳои баланд мебароянд. Мисолаш ҳамон намоишҳое ки телевизиони Масков медиҳад. Ҳамин шаб буд ё пештар, не пештар будааст, чунки чанд вақт боз телевизор тамошо намекунам, пештар будааст. Марги Сталинро нишон дод. Маълум мешавад, ки мансаб гуфта ўро пештар аз мўҳлат нобуд сохтаанд.
— Нахооод?
— Ҳамин хел, ако. Навангӣ гапи гуфтагиатон: «одам барин бадаш нест».
Ба Навобод дохил нашуда як мошини «Жигули»–04 рў ба рў
омада аз мошини Халил каме гузашт ва якбора чунон тормоз дода
садо баровард, аз пайи рафтааш дуд хест. Халил низ тормуз карда
дар оинаи паҳлў дид, ки гоҳи пас гаштан он мошин қариб чаппа шуда ба себзор медаромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо