Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хеле рўйи роҳ морвор рафт ва гашти банизомаш мўътадил гашта, аз мошини Халил гузашт ва чароғаки ростро миҷа занонда дар канори роҳ истод. Халил ҳам аз рўйи таомули ронандагӣ мошинро ба вай наздик карда боздошт. Вале на мошинро шинохту на одамонашро.
Дари ростро ҷавонмарде кушода, як пой кашол, дигаре андарун бо ронанда чӣ масъаларо маслиҳат карда, сонӣ баромад ва як пора коғаз дар даст ҷониби онҳо омада, фармуд:
— Хайрият дидам. Сарсон мешудам.
Ва варақаи монанд ба даъватномаро ба Абдуҳамид дароз кард. Абдуҳамид онро хонда, пурсид: «Чӣ кор будааст дар кумитаи партиявӣ?»
— Намедонам, раис. Ман як хабарчӣ одам.
— Ташаккур... – гуфта қосидро гусел кард Абдуҳамид ва фармуд: – Кори хабарчиҳоро ҳам Худо осон карду кори моро ҳам.
Якбора пагоҳ шаҳр меравем монд.
— Ба Работ ҳай кун, Абдухалилҷон. – Муродаш Абдурауфро то манзил расонидан буд.
Абдуҳамид фармуд, ки ҷилави мошинро сўйи Работ тобад, вале пояш намекашад, то ба Работ равад. Ба хаёлаш ва пеши назараш Работ дар як биёбони дури бекас тофт, ки ҷойи одами зинда набошад. Ҳайвонҳои шохдор ба ҳашараҳои шохдори малаху гамбускҳо бадал шудаанд, ки шохҳои риштагини хешро ҷунбонида ва пешу пас бурда ба кадом нохушӣ ишора мекунанд, ки ин ҷо каждуму мор, калтакалос, каломушҳои калонтар аз гурбаҳоро дорад ва ҳамаи онҳо ранги аз даруни хокистар баромадаро мемонанд ва думҳояшон шабеҳи тозиёнаи бузкашҳои бадфеъл рост. Бад, бисёр бад. Ҷойи одам нест он ҷо. Ба он ҷо рафтан кори боақлу ҳушҳо набувад.
— Мо мегардем, ако.
— Як коса ҷурғот мехўред, сонӣ...
— Мо кам нахўрдаем ҷурғоти шуморо, вале ҳозир бояд равем.
Даъватномаро худатон дидед.
— Ин хел бошад, худо ёратон...
Дар роҳи қирпўши Марғедару Шўрча падар ду-се бор ба писар гўшаи чашм кард ва чӣ диду чӣ гирифт, ки аввал мадд кашид, пас ба сухан даромад:
— Ман пул таъйин накарда будам-ку, Абдухалил.
— Худам овардам.
— Овардӣ, ки ришва диҳам, то корҳоям хубтар шаванд.
— Не, дада. Ман медонам, ки шумо ин корро намекунед. Агар дозим шавад, истифода баред. Медонам, ки шумо аз ваҷҳи хона сахт азоб мекашед. Ҳавлӣ якто, писарҳо, худоро шукр, зиёд, аз ин рў ғам мехўред.

пешина
аз 378
навбатӣ