Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Лекин ту ба ман росташро гўй – пуле, ки овардӣ, аз куҷо ба дасти ту афтод? Қарз гирифтӣ? Ғорат кардӣ ё кадом бонкро задӣ?!
— Дада...
— Ҳеҷ гуна баҳона ба роҳ намеравад.
— Гуфтам-ку... Фирмаи харидуфурўш кушодем бо номи «Фаридун», бо хариду фурўши мол машғул ҳастем.
— Бовар намекунам. Агар қарз гирифта бошӣ, як тинашро беҷо накарда, бурда супор. Агар ғорат бошад, баргардон...Ман ҳамроҳат меравам, то ба чашми сарам бинам, ки хариду фурўшатон чӣ гуна мешавад.
— Кошкӣ, шумо ҳамроҳи ман ба Душанбе равед.
— Меравам. Дар хонадонам як ман доғдор шудам, бас. Агар Худо ин гуноҳи аз хизмат гирифтаамро бахшад ҳам, худам бахшида наметавонам. Ин...ин... медонӣ, ин чӣ бадномист?!
— Медонам, мефаҳмам, дада... лекин шумо аз ҳад зиёд ғами беҳуда мехўред.
— Наход ин ғами беҳуда бошад? Мурда-мурда фарзанд калон кунию дар авҷи камолоташ онро аз даст диҳӣ...
— Нагўед ин хел. Чӣ, магар Найимро сахт гирифтаанд?
— Худо нигаҳ дорад... Ман меҳнати бисёрсолаамро дар назар дорам: он қадар ба сабзондани як буттаву як ниҳол ё ба воя расонидани як гўсолаву барра меҳнат кардам, ташвиш кашидам, ки барои ба воят расондани фарзандонам накардаам. Онҳоро ба ҳоли худашон гузошта, ғами замин, мол ва кори давлатиро афзал донистам. Агар ба ҷойи модарат як зани дигар мешуд, намедонам чӣ корҳо мекард? Ба назарам ситораи маро аз осмон меканд.
— Не, дада. Аввал хизмати шумо, сонӣ хизмати очем. Инро ҳама медонанду мегўянд. Лекин мо ба хидмати шумо расида наметавонем.
— Ҳоло шумо маро кўдак ҳастед. Умедворам, ки калон шавед ва хатоҳои маро такрор накунед.
— Дадаҷони ширин, шумо ба ман ваъда дода будед, ки дар ин бораҳо фикр намекунед. Мебинам, ки ҳама ҳушу ёдатон ба ҳамон тараф. Партия аз дасти шумо рафт ё шумо аз дасти партия рафтед. Росташро гўед: ин қадар сол, ки заҳмат кашидед, аз дилу ҷон кори ҳалол кардед, партия чӣ дод?
— Охир баччем-писарам, партия ҳама чизро дод. Ман аз партия миннатдор. Аммо соҳибони партияи имрўза ба рўйи рангҳои равшан гил мемоланд. Ҳатто рўйи зарҳалҳои офтобиро рангҳои мотамӣ медавонанд.
— Дадаҷон, шумо худатонро бардам доред, аҳли байт рўҳ мегиранд. Очама бинед, пўсту устухон шудаанд.
— Мебинам. Лекин ғаму шодӣ дар дасти худи одам нест. Ҳамааш аз боло меояд, аз паси абрҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо