Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Себзорҳо ва токзорҳои совхози Навободу Марғедар дар ҷониби Фарғар монданд ва мошин Ғўсарро убур карда фарози Қашқоии паҳлўи Корхонаи роҳсозиро рост шуд ва чун дашти фарохи Амондараву Ёрӣ пеши чашм аён гашт, падар хоҳиш кард, ки Халил як дам мошинро дорад, то ў баромада нафас рост кунад.
Нафас дар гулўяш печида, чанд бор тукидани дилашро дарёфт, ки дар умраш беҳуда чунин натапидааст. Агар ягон вақт аз ҳаяҷони зиёд ё тарси ногаҳонӣ тапида бошад, зуд барқарор мешуд. Вале ин тапидан он тапидан нест. Мулойимхунукона, бе ҳеҷ чиз, бе ҳеҷ тарсу ҳарос, бе ҳеҷ ҳодисаи ғайричашмдошт. Мақсади ў дидани оби Зарафшон буд, ки бо чӣ шасту туғён сар ба миллиардҳо санг зада, оқибат дар ҳамин паҳно ва ҳамвории поёни Ғўсар парешон мешавад ва поёни бўстонсаройи ҳоҷӣ Арастуллоро, ки гузашт, дамаш мегардад, гўё шахҳои кўзагардани тангнои Дупула гулўгираш мекунанд. Ў барои чӣ ҳамин муқоисаро пеши назар оварда мошинро дар баландӣ боздоронд, Халил нафаҳмид.
Воқеан рўди шўхи кўҳӣ ҳамин ки зери пулҳои хурду калон омад, дамаш гашта ба кўл монанд мегардад. Аз тирамоҳ то баҳор обаш ранги шишаро мемонад, вале аз баҳор то тирамоҳ чунон регомехта мегардад, ки хўрдани кас намеояд. Хокистарзада, ки аз партоби кони Ҷиҷикрўд медонанд. Ана дар ҳамин ҷо дам мегирад Зарафшони пуркор. Равону ҷорӣ шуданаш Сияҳоби Самарқанд барин
– аён нест. Аз зери пули якрости дарози Ҳукумати Шўравӣ сохта, ки Ҷовидони навзабон «Дупула Якпула шуд» мегўяд, мегузарад.
Сонӣ хастагиаш рафъ шуда, ҷон мегирад. Дар қолаби шахҳои аз регу гил ва кадом ширеши ҳоло кашфнагашта бунёд гардида ҷорӣ мешавад ва рафта-рафта мешўраду меситезад.
Чаро Абдуҳамид маҳз дар ҳамин ҷо мошинро «дор!» гуфт, намедонад. Шояд марги Мирзосафар ба ёдаш омад, ки дар як шаби наҳс ўро кушта оварда аз ҳамин шах (на, болотар) партофта, баъд овоза карданд, раиси селпо камомади зиёд карда, ба ҷафои додситонҳо истодагарӣ карда натавонистанашро дониста ва ба тани нозукаш зарбаи маҳбасиёнро раво надониста, шабошаб сари бора омада худашро ба Зарафшон задааст: «Ҳамаи ин гапҳо дурўғ.
Ўро раиси райпо мешавад, гуфта душманон куштанду чунин сохтанд. Писараш дар аэропорт гиребони Котиби якумро гирифт.
Як ғавғои дигар шуд. Бо думи шер бозӣ кардан нашояд.»
— Абдухалил, Мирзосафарро кушта ана ҳо аз сари он шах ба дарё партофта буданд... – Даст сўйи деҳаи Ёрӣ ёзида ва шахи сиёҳи домани бўстонсаройи Арастуллоро нишон дода фармуд падар.
— Чаро якбора ба ёдатон мурдаи Мирзосафар омад?
— Ҷовонмарди хуб буд. Дида натавонистанд. Дар ҷое, ки пулу мол ҳаст, наҳангу аждаҳораш зиёд мешавад. Кушандагонаш ҳоло зинда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо