Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама медонанд. Аммо коре карда наметавонанд. Чунки пул-туз ва шоҳ-корол. – Суратҳои қартаро дар назар дошта гуфт Абдуҳамид.
— Ҳар чизро ба дил наздик нагиред, дада. Барои ҳамин чизро ба ман фаҳмонидан мошинро дор, гуфтед?
— Не. Нафасам танг шуд. Даруни синаи тангам як чиз зад.
Ҳў дарро мекўбанд-ку, «кушо» гуфта, ана ҳамон хел... Ман намефаҳмам, ки чаро Зарафшони шўху тезоб тамоми роҳ – аз пирчи Масчоҳ то ин ҷо; аз Шодмондара, аз Кўли Калон, аз кўли Искандар то ин ҷо шўру шар намуда, ҳама ҷоро валу вайрон карда меояду дар зери ҳамин ду пул нафасгир мешавад?
— Ин хел не, дада, бино ба гуфтаи нависанда ин пулҳо ба деҳаи Амондара тааллуқ дорад. Агар дар ин водӣ ягон замон ҷангу ҷидол шуда бошад, ба Амондара, ки расиданд, амон-амон, яъне, сулҳ мешудааст. Зарафшон ҳам ин чизро риоя мекунад. Дар доманаи дашти Амондара – Лаби Бўз ба худ омада, мардумро ба тавфиқу амонӣ даъват мекунад.
— Ҳааа, писарам. Хондагӣ одам як чизро мефаҳмад.
— Инҳо ҳама ривоятҳои халқӣ. Нависандаву олимон шумо барин як умр дар ҷустуҷў...
— Ҳамон ҷустуҷў хуб буд, писарам. Ҳар боре, ки дар тале, ё қабати санг ягон элементи Менделеевӣ пайдо мешуд ва ҳамаҷиҳата омўхта таркибу суди онро ҳисоб карда ба коркардаш рухсат медоданд, барои мо ид буд. Кошкӣ аз ҳамон кор дур намешудам.
Маро гўл заданд; синну солатон ба ҷое расид, як кори сабуктар лозим, гуфта, шармандаам карданд.
— Худатон мегўед-ку, худо аз шармандагӣ нигаҳ дорад.
... Абдуҳамид ба назди Гадобой даромад. Ба назари ў ин одами адабиётдўст аз баду неки Олам воқиф буда, накўкориву зишткории баччаи Одамро медонад.
— Ассалому алайкум! – дари ўро кушода фармуд Абдуҳамид.
— Э бед-бед! Ваълайкум салом. Сиҳат-саломат ҳастед?
— Шукр, шукр... Даъват кардаанд, шумо намедонед, чӣ гап?
— Хуб намедонам... Як гўшам шунид, ки ба вилоят рафтан лозим будааст.
— Ҳааа... Ба вилоят, ба Душанбе... баъд ба Маскав... ҳамин хел будагист-дия?
— Ба ростӣ, раис, намедонам.
— Магар ҳуҷҷатҳоро ба вилоят фиристодаанд?
— Аз рўйи расмият бояд чунин шавад.
— Ба фикри шумо ин чизро кӣ хуб медонад?
— Шўъбаҳои дахлдор. Шумо шишта истед, ман фаҳмида меоям.

пешина
аз 378
навбатӣ