Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Дами саҳар, ба ҷойи он ки аз хоб хезад, Абдуҳамидро хоб бурд.
Хоб дид. Дар ҳамон маҷлисе, ки пасфардо бояд дар Ленинобод баргузор гардад, ҳузур дошт. Бюро чунон буд, ки чанд вақт пеш дар худи шаҳри Панҷакат гузашт. Котиби якум маҷлисро мегузаронд ва боз ҳамон аъзо ҷониби гунаҳгор бад-бад ё ало нигоҳ карда, баъзеашон мусичаи бегуноҳ барин гўлу гумроҳ менишастанд ва котиб аз тори сари аъзо ё сари китфи ду кас – аз байни каллаву гарданҳо гунаҳгорро дидаву шинохтанӣ шуда, гардан меёзонд ва хестанӣ мешуд, то хубтар бинад даъватиро, шояд сураташ ягон чиз гўяд. Чун котиби нав чеҳрашинос набуд, навкор буд, аз кадом ноҳияи дурдаст ба ин ҷо фиристода шуда буд, ҳазор зўр занад ҳам, кӣ будани ин одамро муайян карда наметавонист. Зеро чун ҳама фиристодагони ношинос ҳар касро аз дигар кас мепурсид, аз рўйи маълумотнома гўё он касро шинохта, амал мекард. Ҳоло чунин рухдод пеш омадааст, ки Абдуҳамидро нашинохта, надониста, нафаҳмида чун ҷабрдида иддаъояш мекунанд ва чун қозӣ ҳукм мебарорад...
Вале пурсу посух оғоз наёфта дар долон мағале шуд ва садои тохту пойкўбии сарбозона омад. Дари қабулгоҳ ҳам кушода шуд ва садои талхи котибаи зебо баромад. Аз тиреза берун, дар саҳни на чандон фарохи қасри ҳукуматии шаҳр, дар ҷое, ки чанд моҳ пештар кўҳистониҳо роҳпаймойӣ карда, хайма зада муқими ин ҷо шудан мехостанд ва иддаъо доштанд: «Замини моро аз ҳайати Совхоз бароред! Худамон аз ўҳдаи коркарди замин мебароем! То ба кай мо ғуломвор барои директори совхозу директори дастгоҳи шаробкашӣ хидмат мекунем?» Ба назар пода бонг мезад ва рама бааа мегуфт. Ба ин чиз танҳо Абдуҳамид эътибор дод.
Ва якбора дари дутабақа ва дуқабатаи маҷлисгоҳи котиб кушода шуда яроқдороне дар либосҳои маҳбасӣ ҳаммонанди дуздони ғоратгар зада даромаданд, вале бо аъзо ҳуҷумовар нашуда, аслиҳа дар даст дами дарро қатор гирифта ҳамчу сарбоз низомиёна саф кашиданд, то кӣ будани доваронро шиносанд.
Аммо курсии асосӣ холӣ буд ва рў ба рўйи ҳамон курсӣ, дар пойгаҳ низ як курсӣ холӣ буд. Ин замон котиб мисли ҷуволи холӣ фурў рафт дар ҷояш, ки танҳо Абдуҳамид онро дид ва ғайб зад.
Котиб дар тунбаи чапи миз, ки кайҳо ба умеди рўзи мабод холӣ карда буд, калтакалос барин хазида даромад ва аз дарун ғалақа андохта дарро маҳкам касд. Вале садои берунро шунид:
— Мани бегуноҳ ҳам дар ҳамин ҷо ҷазои партиявӣ гирифта панҷ сол гарди остонаи маҳбасро лесида баромадам. Дунё, ки ба охир мерасад, мо баринҳо шоҳи ҷаҳон мегарданд. Дидед, сардор ҷойро холӣ карда, ба бод табдил ёфта аз тиреза баромада рафтааст. Ё ҳоло наомадааст. Шумо ҳамаатон хомўшу гунгу карру кўр ўро нигарон ҳастед? Ин акаи Абдуҳамид чаро истех меистад, ҷой холӣ, яктоатон шин намегўед? Гунаҳгор ҳамон кас? Истед, ки ман дар ҷойи котиб шишта пурсам, ки чӣ гунаҳ дорад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо