Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман дар зиндон қавл дода будам, ки сиҳат саломат аз ғарибиҳо ба ватан баргардам, қабри котиби гаправа канда, як бори дигар дар ҳабсхонаи Уротеппа мешинам ва дар ҳамон ҷо ба пирӣ расида мурда меравам. Зеро дилам аз одам мондагӣ, намехоҳам, ки маро баъди мурданам, бо оби ширгарм шуста, куртаи сафеди оҳорӣ пўшонда, бо ҳазор иззату эҳтиром сари дўшҳо бардошта, то қабристон гирякунон овоз андохта, хубиҳои мани гунаҳгорро навохта, ба лаҳат андозанд ва ҳар саҳар рўз чашмашро калон накушода хабаргирӣ раванд, мабод, ки зинда гашта аз гўр баромада гурехта бошад. Толеи неки ўро бинед, ки нест.
— Мебахшед! Вай хуштолеъро болотар бурданд. Ҳоло ба ин ҷо як худозада омадагӣ, ки ҳеҷ касро намешиносад. Ду ҳаромзода ҳар чӣ гўянд, иҷро мекунад.
— Мебахшед, шумо кӣ?
— Ман ҳамон ҳамроҳатон суд шудагӣ одам-дия.
— Наҷибуллоҳ?
— Наҷибуллоҳ.
— О чӣ хел шуд, ки...
— Ман ҳама ҳунарамро сарф карда собит гардонидам, ки бегуноҳ ҳастам. То худи марказ навишта дайн кардам, ки тўҳматҳои аъзоҷанобонро қабул намекунам, зеро онҳо дар пўстинҳои чармини коммунистӣ ҷой гирифта, корҳое мекунанд, ки ҳайвон намекунад.
— Шумо озод шудед, ман озод шудам, котиби пештара боло рафт, яъне ба худо наздик шуд, маҳбусҳои ҷабрдида дунёро аз дасти золимон кашида мегиранд... Баъд...баъд чӣ мешавад?
— Ҳоло мо дар Бюрои партиявӣ ҳамин масъаларо ҳаллу фасл карданӣ ҳастем, аммо сардори рисолавӣ нест, ки ба умқи масъала сарфаҳм равад.
— Шояд ҳоло ҳозир биёяду чуқуртар нишаста ягон чизи бамаънӣ гўяд ё ваъда диҳад, ки дунёе месозем, ки як кас ба каси дигар «Э!» гуфта натавонад.
Аз паҳлўи чап чик-чик тарӣ чакид ва бўйи бад омад, ки курсинишин тоқат карда натавониста якбора дод зад:
— Озод ҳамаатон!
Абдуҳамид бедор шуд. Ба чизе сарфаҳм нарафта, оҳиста чашм кушод, ки берун равшан мешавад. Ба зудӣ нахеста хоби дидаашро такбиру таъвил кард, ки чӣ пеш меомада бошад. Ба озодӣ баромадани маҳбусон чӣ маънӣ дорад? Ба дигар ҷо нарафта, ба қасри ҳукуматӣ зада даромадани онҳо чӣ бошад? Ва дар ҳамин ҳолат аз берун бонг задани подаву маъос задани рама чиро монад? Ва хаёлҳои дигар. Аммо маънии мушона пинҳон шудани котиб равшан... «Ба назарам, ба ҷойи Котиб нишастагӣ, Даврони авбоши шўрапушт буд... Ягон зарра ҷуръаташ кам нашудааст».

пешина
аз 378
навбатӣ