Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Садои кадбону буд, ки бо касе чизе гуфта, дари оғилро кушода говдўшӣ даромад; аз ғириччоси турми дар маълум. Ў чанд рўзест, ки аз занони бадгўву баддаҳон гурехта мегардад; на говҳоро ба подагоҳ мебарад, на сатил гирифта ба об меравад ва на ба маъракаҳо қадам ранҷа мефармояд. Зеро баногўшиву имову ишора карданҳои занонро донист, ки дар бораи кору бори мардакаш ҳар чиро гуфтаву пурсида, сонӣ чуғулӣ мекунанд:
«Онҳо руст кунанд ҳам, офтобро бо домон пўшида намешавад.»
«Пинҳон мекунанд, ки девор мушу муш гўш надошта бошад.»
«Ин кори пинҳон мекардагӣ нест. Ба гўши як зани аъзои бюро расад, олам пур мешавад».
«Баъд, бадхоҳи Холиқуф ҳам кам не-дия».
«Чор ишкелаш буд. Дар таги пояш мошин».
«Дар таги пойи баччааш ҳам мошин...»
«Чашм чизи ганда. Сангро мекафонад».
«Ба назарам он кас ба ин чизҳо бовар надорад, эътибор ҳам намедиҳад».
«Баъдтар мебинӣ, чӣ хел эътибор медиҳад».
— Ҳа, келиндчакҳо! Дар лаби об хар мурдаст-чӣ? Ин қадар ҷамъ шудетон? – ин одам бобойи Забур. Забури кўҳбон. Таноби даҳони одамонро ў кашида метавонад. Касони дар кўчаҳо саргин зер карда мегаштагиро ба хонааш меронад: «Бурав, кор бикун...
Наход дар хонаат ягон кор набошад, ки ҳел-ҳел беваҳои шўталаб барин гардӣ?» Аз забони ў тарсида, ҳар кас дар лаби об бошад ё сари роҳ, баробари пайдо шудани ў хеста роҳи хонаашро пеш мегирад. Аммо занони ҳангомахоҳ ногаҳон аз паси қироатхона баромадани ўро надида монданд ва рўймолҳо сари абрў кашиданд, то нашиносад: «Шумо шў надоред, ки хизматашро кунед?
Кўдак надоред, ки эзорашро шўед? Ҳэ бар зоти зани кўчагард...
астағфируллоҳ! Шумо занҳои ворўйӣ нестед, ки турнақатор лаби
1 об нишаста қатрон кунед. Тез дафъ шавед-канӣ!»
— Эй амаки Забур, – пеш омад як пирча, – Шунидед, ки акои Абдуҳамидро унзайлин кардаанд.
— Туро унзайлин накардаанд, охир? Ҳэ ба зотат қусур! Ба ихтиёри шумо монанд, дар як лаҳза СССР-ро вайрон мекунед!.
Ҳамон шўйи маҷмаъаятро бинам, аз гу гирифта ба гу мезанам.
Ҳамин ҳам зандорӣ шуду... Ана, гўм, ки шўтон гап назад, лекин худатон ақлу фаросот надоред, ки пойи эзора то зону бар зада даруни об меандозед. Аз поён мардум вайи шуморо хўранд-а? Ин
- Баъди аз хонаи ворўйӣ рафтани меҳмон занон косаву табақи таомхўрдаи
ўро то чиҳил рўз даруни об гузошта ҳалол гардонанд деҳа сардор надорад, соҳиб надорад, барои ҳамин шумо рўймолро кушқорак мебандед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо