Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои шўтон дар чашм сурмаву ба абрў усма намекашед, дар пушти гўшатон райҳон намемонед. Лекин кўча баромаданӣ ё шаҳр рафтанӣ шудед, орову торое мекунед, ки шаҳриён намекунанд. Ҳе бар зотатон лаънат!
Занҳо барои он ки аз ин зиёдтарашро нашунаванд ва баъзеашонро шарманда накунад, уштурҳо барин корвон баста лаблаби рўд поён нишеб шуданд, гарчӣ хонаи бисёриашон дар боло буд.
— Турнаҳои гардандароз! Ба шумо қанот намерасад! Аввал гиребони худатонро бўй кунед, баъд дигаронро таъна занед! Ба таъна задан ҳақ ҳам надоред. Ҳэ бар зодатон лаънат. Намедонед, ки ман барои некон – Забур, барои бадон – замбўр!
Ба ростӣ, Забури кўҳбон намедонист, ки ба Абдуҳамиди писарамакаш чӣ шуда бошад. Лекин омадани Халилро шунида буд, акнун ҳамин чизро баҳона карда, сари қадам даромада аҳвол гирифтанӣ шуд. Вале ў пули рўй наҳрро нагузашта як мошини ношинос аз ҷониби гузари Абдуҳамид нишеб шуда омад ва пеши пойи Забур боздошт.
— Э шери амак – Абдухалил, ман худатона диданӣ мерафтам.
— Салом, амак!
— Ваълайкум бар салом! Шунидам, ки омадӣ, гуфтам як бинам. Абдуҳамидро ҳам чанд вақт боз надидаам. Нағз ҳастед, Абдуҳамид?
— Шукр, – аз мошин баромада посух дод ў. – Сабил монад ин кўҳбонӣ, ки ба ҳеҷ кас расида наметавонӣ.
— Ҳамин хел.
— Сафар ба хайр?
— Абдухалил то Ленинобод ҳавохўрӣ барам, мегўд.
— Ҷудо соз-дия. Ман ҳам ҳамроҳатон мерафтаму сабил монад ин кўҳбонӣ... Хайр, омин: Худои бурда сиҳат саломат бозорад...
Даст ба рўй кашиданд.


Аз бозори Самарқанд нон, мавиз, мухашшар ва донакшўрак хариданд. Сонӣ паҳлўи Шоҳи зинда, мадрасаи Улуғбек ва чорсўйи шоҳроҳи Тошканду Тирмизро, ки пости болохонадори ГАИ меистод, давр гашта, рў ҷониби Ленинобод оварданд.
Айнан дар ҳамин вақт гуфтугўи телефонии котиби якуми вилоятии партияи коммунистӣ Ҳоҷиев Рифъат ва котиби партиявии шаҳри Панҷакат Паканаи сиёҳ сурат гирифта буд.
— Салом. Гўш мекунам, Рифъат Ҳоҷиевич.

пешина
аз 378
навбатӣ