Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Рафиқ Умарқулов, иҷроиши плони маҳсулоти чорво дар чӣ ҳол аст?
— Бад не, Рифъат Ҳоҷиевич?
— «Бад не»-ро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
— Яъне ки мешавад.
— Чунин ҷавоби шуморо чӣ хел фаҳмидан мумкин?
— Дар арафаи иҷрошавӣ, Рифъат Ҳоҷиевич.
— Ба қавли худатон: яъне, сол буд мешаваду плони шумо не.
Ҳамту-дия?
— Буд мешавад, Рифъат Ҳоҷиевич.
— Шумо медонед, ки гўшт, шир, равған, пашм аз куҷо пайдо мешавад?
— Наход надонам...
— Агар донед, Холиқов хиёнат кардааст ё ба манфиати халқу ватан кор кардааст?
— Ман...ман...
— Рафиқ Умарқулов, масъалаи аз партия хориҷ кардани Холиқов Абдуҳамидро кӣ ба шумо маслиҳат дод?
— Рифъат Ҳоҷиевич, касе маслиҳат надодааст. Мо дар асоси қарори маҷлиси пашкилоти ибтидоии партиявии геологӣ ба ин кор ҷуръат кардем.
— Ақаллан шумо номгўйи ордену медалҳои ин коммунисти фидоиро аз назар нагузаронидед?
— Дидам, рафиқ котиби якуми...
— Агар дида бошед, дидаву дониста, бо виҷдони партиявӣ ба чунин иқдом майл карда бошед, қоил нашудан мумкин нест.
— Охир, шумо дар болойи сарамон-ку, Риф...
— Вай сар ё калла, дурусттар кор фармоед. Наход шумо ҳамин қадар бепарво бошед, ки ҳамин хел коммунистони содиқ ва матиниродаро нашиносед. То як Холиқови дигар тайёр кардан чанд сол лозим?
— Дуруст, раф...
— Медонед, ки Холиқов ба унвони «Қаҳрамони меҳнати сосиалистӣ» пешниҳод шудааст?
— Медонам, раф...
— Агар донед, оқибаташ чӣ мешавад?
—...
— Шумо ҳуҷҷати ҳамин одама дида баромадед?
— Не, ҳа...
— Аризабозҳо дар ҳаққи ў чӣ навиштаанд?
— Моли Хоҷагии ёрирасонро нобуд кард.
— На самом деле?
— Сесад нафар гўсфанди изофа дорад.
— Ин қаҳрамонӣ нест? Вақте ки мо плони гўшту ширро буд карда наметавонем, гуфта ҳар рўз овоз баланд мекунем, моли Хоҷагии ёрирасонро ба чунин миқдор расонидани Холиқов қаҳрамонӣ нест?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо