Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Падар Халилро фармуд, ки мошинро бо шоҳроҳи Тошканд
– Тирмиз рост ба Душанбе ронад. Халил пазируфт сухани падарро. Аммо надонист, ки таги гап чист. Халил ба пирўзийю хушрўзии падар ҳар чӣ мефармуд, иҷро мекард. Аммо чун ба чорсўйи Тошканд-Тирмиз ва Самарқанд-Панҷакат расиданд, писар пешниҳод кард:
— Як сари қадам ба Панҷрўд рафта, расонем, ки корҳо хуб шуд.
— Не, баччам, рост ҳай бикун. Аллакай онҳо фаҳмиданд. Ин даврони техника; як гўшаку як даҳан гап. Дар дунё кӣ бисёр?
Ҳангомахоҳ.
— Набошад, ман ҳам як шарт дорам, дада.
— Хўш?
— Агар билети партиявиро биёранд, намегиред.
— Обро дида бояд мўза кашид, баччам. То он рўз хуш умри дарозе.
— Ба ҳар ҳол. Барои маймунбозиашон...
— Ҳоҷиеваш одами пухта. Чаро ҳама партиявиён чунин нестанд? Бояд ҳамин хел бошанд. Лекин нестанд. Тасодуфиҳо зиёд.
Бо чунин сўҳбати кўтоҳ роҳи дарозро тай карда, шабҳангом ба Душанбе расиданд. Халил хонаи кадом яҳудии кўчбастаро харида будааст. Падар он шаб чизе напурсид аз ў. Бо набераҳо машғул шуд. Вале чун наҳор хўрда, Халил аз пайи кор шудан хост, падар фармуд:
— Маро низ бубар.
— Шумо дам гиред, дада.
— Ман дам нагирифта чӣ кор кардам? Каланд задам?
— Охир, кори ман вазнин...
— Мехоҳам, ки ҳамон кори вазнини туро бубинам...
— Хайр, агар майл доред.
Халил падарро ба истгоҳи қатораи Ҳисор бурд. Вагонҳои чўбу тахта қатор истода буданд рўйи роҳи оҳан. Падарро «шинед даруни мошин» гуфту таку боло давид; назди вагонҳо рафт. Пеши «Камаз»-ҳо омад. Назди соҳиби бор рафт, назди ронандаҳо омад.
Гуфтугузор кард, киро кард ва «Камаз»-еро пеши вагон бурд ва чўбу тахтаро аз вагон ба мошин бор карданд кирояҳо ва Халил аз хазинаи мошин пул гирифта бурда бо соҳиби бор ҳисобӣ кард ва ронандаро фармуд, ки аз паси мошини ў ронад, то гузари Шимоли шаҳри Душанбе. «Нозирони роҳ қапанд, кўмак мекунӣ, ҷўра». Халил ин шартро низ пазируфт. Рў ба рўйи боғи ба номи Айнӣ дами дарвозаи харидор «Камаз» истод ва Халил аз каси фармуда пулро гирифту рафт бо падар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо