Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳааа, ин хел гўй. Ман хаёл кардам, ки корхона дорӣ, база дорӣ, поезд меояд он ҷо...
— Базаҳои чўбу тахтаи Самарқанд гумон кардед?
— Не, гап дар база не. Гап дар ҳалолкорӣ. Яъне касон мефармоянд, ту фармоишро ба ҷо меорӣ?
— Ҳамин хел.
— Ин хел бошад, пулёбиат ҳаромие надорад.
— Шумо розӣ?
— Розӣ.
— Ризоят диҳед.
— Илоҳо, хока гирӣ, зар гардад.


Абдуҳамидро аз сафи партия наронда бошанд ҳам, кору борашро кашида нагирифта бошанд ҳам, дубора на дар сари мол ҳозир шуд ва на дар Работ. Чун саршумори мол гузашта буд, ҳамон зайл қабул карданд ва писарбузурги Абдуҳамид Найими чўпон асову саги сиёҳро ҳамроҳ гирифта, Саманди пирро ҷилав кашида омад. Падар ҳамин қадар пурсид:
— Одамон молашонро гирифтанд?
— Баъзеашон. Моли худамон ба ҳисоби Хоҷагии ёрирасон гузашт.
— Ҷудо сара шудаст. Агар ҳамин қадари дигар мол медоштем, ба ҳисоби онҳо мегузаронидам.
Абдуҳамид ба Саманди пир нигарист, ки бо чунин ҳол чӣ гуна аз ағба гузашта омада бошад. Пасон хаёлаш дур рафт, ки пирӣ чунин будааст. Ҷав диҳанд ҳам, на хоида метавонад ва на ба хўрдан ҷон мегирад. Харидор ҳам пайдо намешавад. Як чўгури дарди сар. Ў нафаҳмид, ки Найим онро савор шуда омад ва ё пуштора гирифта овард. Аз Саманд як каллаи калон мондасту бас. Рангаш ҳам дигар шудааст: ранги наботи Самарқандро надорад, ки шираву шарбаташ барҷо буда, нерўи ҷонварро меафзуда бошад. Ранги пўсташ тиратар гашта ёлаш шахшўл шудааст, хори гўсфандак ё мушхор ба пашми ҷонварон часпида, чунин безеб мегардонад.
Мўйи даққӣ ва шонанадидаи ятимони бепарасторро монад. Ростӣ, аз чунин ҳол Абдуҳамид сахт ба андеша рафт ва андўҳгин шуд.
То ин рўзҳо ба чунин ҳолатҳо ё чизҳо эътибор намедод ва ё бо чунин чизҳои бо рўҳу ҳолаташ мувофиқ афтодаро мушоҳида накарда буд. Баъди он ки дилаш аз одам монд, аз коммунистони хомхаёл ранҷид ва ба савдо задани ғояҳои партиявиро мушоҳида кард, на танҳо аз одам, балки аз Олам дилаш монд, аммо ҷойи гурез надорад. «Кори Забур дуруст будааст: парвои оламу одамро надорад. Чун пайдо кунад, мехўраду майишат мекунад; чун наёфт, алам аз сардорони ноўҳдабаро ситонида, худ ба худ дашном дода мегардад.

пешина
аз 378
навбатӣ