Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

То ин вақт ман ўро лаққӣ, баддаҳон, берўю риё медонистам. Фикр кунам, рафтору кирдораш дуруст метобад. Ба қавли ў: «сангро санг шиканад». Ман андеша доштам, ки дар ин дунёи дурўза мўрро набояд озор дод.
«Ҷеғ задед, дада?»
— Ҷеғ назадааму нағз кардӣ, ки худат омадӣ. Пагоҳ бозор меравӣ, як гўсфанди кабуд ё серкаи кабуд харида меорӣ, қурбонӣ мекунем.
Найим фаҳмид маънии сухани падарро. Ҳатто гуфтанӣ ҳам буд, ки ин қадар мол дар дастамон буд, қурбонӣ накардед, акнун ки мол аз даст рафт, аз бозор харида, қурбонӣ мекунед? Аммо ба ҷойи ин дар забонаш ҳарфи дигар омад:
— Ҳатман бояд кабуд бошад?
— Ҳамин хел.
Гарчӣ ҳама гуфтаҳо шуданд ва Найим бекор монд: мол набуд, замин набуд, ҷойи кор набуд, ў кўчагард шуд ва ба айёшӣ гузашт.
Падарро ба ташвиш овард. Ба панду андарзи падар гўш дода «хуб»
мегуфту кори худашро мекард. Харобу лоғар шуд. Пўсту устухон ва як бинии борику дароз монд. Кадбону ва дигар фарзандон ҳам ранг дигар карданд. Танҳо Халил камар баста буд, то дод аз кӣ ситонад. «Ё калони калонҳо шудан лозим ё тузи аз вазиру шоҳ болотар».
«Саманд, нағз, ки ту одам нестӣ. Агар одам мешудӣ, ба ивази азобҳое, ки мо туро додем, пўстамон мекандӣ. Вале ту гўш сих карда, сўямон менигарӣ, кишна мекунӣ, бинӣ меафшонӣ, ки мо одам шуда забонатро, ишораҳоятро намефаҳмем; ҳатто одам шуда.
Шояд ҳайвонҳо ё дигар ҷонварон фаҳманд, ки ту чӣ мегўйӣ. Медонам, ки аз одам шудани мо афсўс мехўрӣ; аз кирдору рафторҳои нодурустамон ғамӣ мегардӣ, раҳмат меояд ба ҳоли зори мо. Даст дароз кардан мехоҳӣ, боз корҳои ғайриинсонии моро дида, бинӣ меафшонӣ. Ҳамаашро мебиниву мефаҳмӣ, аммо бадӣ карданро раво намебинӣ. Вагарна аз дастат меояд, ки ҷуфтак зада пайи наълро дар пешониамон гузорӣ, ки то мурдан фаромўш накунем ё баробари зарби лагатат парчи замин гашта, барнахезем. Одам зарби лагати туро бардошта наметавонад. Дандон зада газида, як сў андозӣ ҳам, яксони замин мегардад. Аммо ту қадршиносӣ, боақли дурбин ҳастӣ. Бадиро раво намебинӣ, зеро бадӣ кардан кори даррандагон ва инсон аст. Ба ҳар ҳол ту дарранда нестӣ, инсон ҳам нестӣ. Вагарна чаро саворат туро тозиёна мезанад, маҳмез мехалонад, пошна тира мекунад, то ту бо амри ў кор кунӣ?
Дар бузкашиҳо миёни тўда надаройӣ, ана баъд бин: он бузкаши девона ва ё аз мукофот бебаҳра дар тори сарат чӣ қамчинкориҳо мекунад. Ё лаҷоматро раҳо карда, мезанаду мезанад ва беҳуда ба сўе метозонад, ки аз полвон тарсӣ ва ба ҳар нағмаву маҳмезу пошна заданҳои ў итоат бикунӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо