Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забур антенаро бар шах такя гузошта буд, баргашта нигарист ба он ва дуру дароз ба кўҳҳои рў ба рў нигариста худ ба худ китфи тааҷҷуб ба ҳам кашид ва фармуд:
— Ҳар чӣ шуданаш мумкин. Лекин аз ин баландии тори Қалъаи кўҳна, ки нагирифт, аз он пастӣ гирифтанашро худо донад.
— Гуфта буданд, ки гап дар пастиву баландӣ нест. Гап дар он ки роҳи мавҷро доштан лозим.
— Ҳамин хелу... Хеле рўда даркор-дия... Баччаҳо, бардоред рўдаву ходаатонро!
Писарони Абдуҳамид, ҳамсоябаччаҳо ва ҳар баччаи ҳавасманд, ки ба умеди тамошои телевизор асбобу ускунаро бардошта аз баландии кўҳи Булбулон ба ин ҷо омада буданд, он чизҳоро бардошта боз ба Куҳанқалъа хамиданд.
— Абдуҳамид, аз кўҳи Булбулон нагирифт, лекин аз кўҳи Уффор бояд гирад. «Чӣ-ба» гўед!
— Чӣ-ба?
— Чӣ-ба, ки Уффор аз Булбулон дида ба санъат наздиктар аст.
— Мебофед-дия, мулло Забур. Ман ин сандуқро барои рақсу бозӣ тамошо кардан наовардаам. Як суратгирак гуфт, ки ба наздикӣ ба Панҷрўд меравам. Забури Замбўр ном одам доштаетон.
Тамоми кирдору рафтор ва хулқу хўяш кинобоб будааст, гуфт.
Ман рафта ўро ба кино мегирам, гуфт. Номаш Тоҳир Собир.
Ургутӣ. Барои ҳамин ман ин сандуқчаи зулбиёро овардам, ки рафту шуморо аз Тошканд, Душанбе, Маскав ё Ургут нишон диҳад, бехабар намонам.
— Мулло Абдуҳамид, мулло Абдуҳамид... О шумо ин хел одам набудед-ку? Истироҳат гуфтанӣ чиз ба шумо бегона буд. Тошкандро дида якбора дигар шудаед. Ё кўҳи баланд ё шаҳри азим...
Рост, рост. Кас ҷаҳонгарду ҷаҳонбин шавад, назараш ҳам дигар мегардад.
— Ҳар чӣ гўед, майлатон. Лекин ин телевизор бояд гирад.
Ба кўҳи Офтобрўя, паси мақбара ва боғи Рўдакӣ бурданд ходаву сими антенаро. Дар кўҳи Уффор баланд карданд, нагирифт.
«Телевизори харидаатон санъатдўст набудааст» гуфт Забур. Ба кўҳи Ковона бурданд. Мавҷ зиёд шуд. Як-як суратҳо пайдо гашта ғайб мезаданд. Рўшноиву зулмот баробар радду бадал мешуданд ниҳоят тез. Баробари равшанӣ пайдо шудан дар лаби Абдуҳамид табассум дамид ва баччаҳои аз ҳама корашон монда бо завқу табассум ба ҳамдигар нигариста имову ишораҳо мекарданд: «Кинои бепул».
— Абдуҳамид, ман ба шумо гуфтам, ки рўдаро ғалтакаш-қатӣ биёред. Шумо ресмонвор даста карда овардед. Ақаллан панҷоҳ метри дигар мебуд, шояд, мегирифт.

пешина
аз 378
навбатӣ