Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Одамӣ шири хомхўрда. Умуман ҳамин чизро овардан лозим набуд...
Аз ҷониби Куҳанқалъа садо омад:
«Гирифт! Гирифт!»
Шод гаштанд ҳама. Боз аз он сў овоз омад:
«Мурд! Мурд!»
«Ааҳ?!» – Даст ба гўш гўшмоҳӣ карда пурсид Забур.
«Нест! Неест!»
Садои хиррии Забур баромад:
«Чашмата калон кушода нигоҳ кун! Дигар каналоша ков!»
«Нест! Нест!»
«Нешт-нешт! Пайдо нашуда мекушед шумо!...Чашмата кушо!
Ақаллан ягон ситора ҳам нишон намедиҳад?»
«Айби мо нест! Айби худаш!»
— Хайр намегирифтааст-дия, – тан дод Абдуҳамид.
— Шумо ба коратон рафтан гиред, Абдуҳамид. Ман то ҳамин телевизоратон нишон надиҳад, ба ягон ҷо намеравам. Барои имрўз кифоя...
Асбобу ускунаро бардошта ҳамчун геологҳои аз кори ҷустуҷў шалпаргашта рўди Кўҳакро гузашта ба Кўҳанқалъа мерафтанд.
Ногоҳ пойи бародари хурдии Абдуҳамид лағзида антенаи дасташ ба об афтид. Гўё ба афтидани ў баробар садо дардода, баччаҳо завқ карда бошанд, аз ҷониби ҳавлии Абдуҳамид овоз омад:
«Гирифт! Гирифт! Нишон дод! Рўдакиро нишон дод. Рўдакӣ русӣ гап мезанад. Аз Маскав! Лекин ҳеҷ чизро намебинад. Кўр кардандаш!...»
Ўро ҳамчун геолог ба идораҳои болойӣ даъват мекунанд, ки мукофот омадааст. Мошини «Волга». Вале то ҳол бо мошини Газ – 53 мегардад, ки Маҳмараҷаби кулолигӣ ронандагӣ мекунад.
Мошини хуб, барои боркашӣ хубтар аз ҳама мошинҳо. Аммо гоҳи фарозу баландиҳоро баромадан бисёр зўр зада, садо баланд мекунад. Мошин мошини боб, аммо роҳ нобоб. Мошин дошта бошию аз дари ҳавлиат надарояд, хуб нест. Ташвиши дигар сар шуд. Роҳ бояд сохт. Дар назди роҳҳои дар талу теппаҳо ва миёни Вену Мушистон сохтааш ин роҳ бозича метобад. Аммо иҷозату ғур-ғури ҳамсояҳо ва ҳамгузарони нотавонбин касро ба танг меорад. Инҳо ҳам чун некнотиҳо шукр накарда, ки мошинсавор то кўҳ рафта муҳимашонро осон мекунанд, шикоят менависанд.
Ба ҳар ҳол Абдуҳамид аввал ҳамсояҳо ва раиси маҳалларо дида гуфт, ки роҳи гузарро кушоду ҳамвор мекунанд, ба ҳашар бароянд.
Аммо онҳое, ки дилашон дигар буд, чун мушон дар мушхонаҳо ҷой шуданд ва миш-мишҳо ба гўш мерасид, ки Абдуҳамид мошин гирифтааст ва барои то дари хонааш омадани мошин раҳу девори ҳамсояҳоро вайрон карданист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё