Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар буз бароварда натавонӣ, ақаллан мурдакаш шавӣ. Мефаҳмӣ-а, нияти одамро. Одамаш – ҳамон боғбон, ки ба гул об дода, гулоб мехоҳад. Ту гуноҳҳои маро бубахш, ки пур азобат додам. Он боғе, ки сохтем; ту дар пуштат пору кашидиву ман – хок, дигар дар ихтиёри мо нест. Вагарна бурда, даҳана аз даҳону афсор аз сар гирифта дар алафпая раҳо мекардам, то танги тирамоҳ чарида мегаштӣ, ягон-ягон хабарат мегирифтам; ягон кор намефармудам. Ё ихтиёратро ба Абдурауф медодам. Чунки ў боинсоф аст. Ягон корро аз ҳаддаш намегузаронад. Шикастанафс ҳам ҳаст. Бовар дорам, ки то Ғўсар пиёда рафта меояду туро савор шуда намеравад. Мешиносӣ-а? Ана акнун ўро рў ба рўйи Забур шинону тамошо бикун. Инҳо ду қутб. Забур ин дунёро мебинаду фикр мекунад, Абдурауф он дунёро андеша дорад. Забур ҳозирбин, Абдурауф «баъд мебинам» мегўяд. Ту ягон чиз мефаҳмӣ, Саманд? Аз он дунё ҳам дилкашолӣ дорӣ? Ё ҳафт айлохро дар як шаб хураму мурам, мегўйӣ? Бузургии Забур дар он, ки чун баъзеҳо хураму мурам, намегўяд. «Боз хураму боз хураму боз хураму намурам» мегўяд. Одамони хуб ҳам зиёд дар ин дунё. Лек амал дар дасти онҳо нест. Аз рўйи тақсимот танҳо хубӣ онҳоро насиб шудааст, аз дасташон ояд ва хоҳанд ҳамон корро мекунанд. Боз касоне ҳастанд, ки маслиҳат медиҳанд: «Накун ин корро! Ба одам хубӣ намефорад». Сонӣ одами хуб бад мешавад.
Зеро ба атроф нигариста ягон хубӣ намебинад, иблис дар китфаш нишаста фармон медиҳад; аз роҳи нек мегардонад, бо пайроҳаҳои даррандагон мебарад... Инак, Саманд, бифармо, ки чӣ некӣ кунам бароят?... Намедонӣ. Аз ман ҳам батар. Ман баъзан донам ҳам, гуфта наметавонам. Лекин як чизро дидаам ва мушоҳида кардаам, касе маро бадӣ хоҳад, бадӣ бинад. Ту ҳам Саманди оддӣ нестӣ.
Самандҳо зиёд, лекин мисли ту нестанд. Онҳо дингилапарто, қайсар, безорсавор ё боби кушишхона. Дониста бош, Саманд! Аз фарбеҳӣ аз ҷойи хобидаат хеста натавонӣ ҳам, ман туро ба гўшт намесупорам. Зеро медонам, ки оқибати ин амал чист. Беҳтар, ки то охири умр зиста, баъд худо фармуда бошад, бо аҷали худ ин олами рўшану зеборо тарк кунӣ ва... Бод барад нияти бадро. Ҳарчанд медонам, ки оқибати ҳама ҷондорон якранг аст, намехоҳам, ки ту ин суханро аз забони ман шунавӣ. Намехоҳам, ки чашмони кушодаи алойи туро бинам. Намехоҳам, ки аз поят дар думи трактор баста, вазза карда бурда дар як саҳрои кушоди бекас партоянд ва каргасҳои мурдахор аввал хуб дар фазо тўй карда:
рақсида, сару китф ҷунбонида, пойҳои сиёҳи мурдорашонро ба тори ту гузоранд ва он чашмони дар тирашабон роҳ ёфта, ҷарру ҷўйро фарқ карда то манзил чун чароғи фурўзон нурпошро нўл зада, кафонанд ва ё аз хонааш бароварда яклухт фурў баранд...
Чӣ? Ноҷо гуфтам? Парешонат кардам?... Анааа... То мо сўҳбат кардем, ки Найим молро овард. Лекин афсўс мехўрам, ки ту аз ин қурбонӣ насиба карда наметавонӣ.

пешина
аз 378
навбатӣ