Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз хуб, ки ту гўштхўр нестӣ. Вагарна...
Андешаи дигар ба сарам омад, Саманд. Насиб карда бошад, Забури хешбачча қурбонихўрӣ меояд. Ман туро ба вай нишон медиҳам, ки то Арчамайдон бурда мешавад ё не? Агар нашавад, ба ягон мошини боркаш савор карда мебарад. (Як бор ту ҳам савор шав-дия, то кай туро савор мешаванд.) Ё худат рафта метавонӣ?
Агар натавонӣ, ҳатман гуфтаи маро мекунанд: дар чарогоҳ бурда сар медиҳанд. Баъд, худатро, ки андак гирифтӣ (манзурам каме ҷону равон гирифтӣ, ба муқобили душманон шўрида тавонистӣ), ба асписти Саратоғ мебаранд, бо думат пашша зада мегардӣ... Ту хафа нашав. Туро ҳоло намефиристам. Дар пеш зимистон. Гургҳои чилла хирсро ҳам медарранд. Рўйи баҳор мебарад. Сабза дамад сонӣ. То он вақт йему алафат омода, дар сатил об мекашонанд
– чунки ту бисёр хизмати бедареғ кардӣ. Ана дар ҳамин яккамех гирд гашта, пашша зада, дону обатро хўр. Зимистон саисхона медарорам... Ин қадар ташвиши ман барои он, ки аз гуноҳам гузарӣ, Саманд. Туро фарзанд барин калон кардам. Лекин азоби бисёр ҳам додам. Инро ту аз ман хубтар медонӣ. Ман ҳамин қадарашро медонам, ки ҷару ҷў, фарозу шеб нагуфта туро тозиёна мезадам, ки маҷбур баройӣ ё фаройӣ, ё ҷаҳида убур кунӣ монеаҳоро.
Ёдат ҳаст, ҳамроҳи Абдувойиз, баъзан ҳамроҳи Азиз дукаса савор мешудем туро. Ҳамин қадар борро мекашидӣ. Хусусан вақтҳои мастии ҷавонӣ, ки аз дили сангу кўҳ зар меҷустем. Сад бор, ҳазор бор мегўям: «Маро бубахш!»
Саманд кишна кард ва аз пештара баҷонтар гирди яккамех гашт. Ҳалқаи кушодтар бастаи сарафзор дар ҷойи як қабза фурў гирифтаи яккамехи чун дўшизагон миёнборик гирд мегашт ва сар меафшонд, ки ҳама гуноҳи Абдуҳамидро бахшида бошад.
«Моли асил. Кош ҳама одамон ҳамин хел адофаҳм ё бекина мебуданд.»

ДАФТАРИ САВВУМ

Ҳаким рў ба рўйи дари мошинхона мошинро боздошт ва баромада қуфлро кушоданӣ буд, ки як дасти пурзўр аз пас сари ўро ба рўйи чанбари фармон пахш кард. Чун ногаҳонӣ буд ва чашми замона хунрез ва ҳама чизро чашм доштан мумкин буд, ў хавфи бузургеро дарёфта, чизе нагуфт. Муқобилият ҳам накарда, ором ва хомўш истод. Лек илоҷи воқеа ва раҳойӣ меҷуст.
«Кистӣ ва чӣ хоҳӣ?»
Ҳамин қадар садо бароварда тавонист, дар ҳоле ки лабу даҳонаш андар чанбари фармон пахш буд ва як матои дурушти шол аз сару пешонӣ сўйи гардан мелағзид. Дасти дигаре аз дари тарафи рост ёзида, мадад ва ёрӣ ба дасти аввал мекард. Дукаса як чизи ба ҷилди холии лўламонандро ба сари ў кашиданд ва мили таппончаро ба чаккаи росташ расонда ва андаке пахш карда: «Ҷиққат бурод, тамом!»

пешина
аз 378
навбатӣ