Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфт. Садои ношиносу дағал ва сохтаеро шунид.
Зўран аз мошин кашида бароварданд ва ба мошини дигар андохта дар нишастгоҳи пушт аз ду тараф миёна гирифта бурданд. Садои Ҳаким барояд, аз ду паҳлў мушт мехўрд.
Соҳибони ин мошин ҳунари дигар низ доштаанд, ё айёру маккораш пиндоштанд, ки ба курсӣ дароз хобонда бар ў нишастанд.
Ҳакими лоғари хурдҷусса нафасгардон шуд ва ба танг омад. Дасту пояш дард ёфта бошад ҳам, ҷунбида наметавонист.
«Худоё!»
«Ту Худоро ҳам мешиношӣ?»
Вале Ҳаким чӣ посух гуфтанро намедонист: «Хомўшӣ беҳ аст...
хоҳ-нохоҳ ҳар чӣ гўйӣ, мезананд.»
— Аз мусулмонӣ чӣ медонӣ?
—...
— Дамат дарун зад?.. Мурдӣ?
—...
Масхаразанон ҳар ду аз сари сина ва рўйи пойҳояш ба рўйи пойҳои хеш лағзиданд Фурўтар ба пойисти курсӣ. Ба рўяш нигаристанд, ки мурдаро мемонд.
— Ба мурдана вақт ҳаст... Маккорӣ накун.
Ҳаким ноҷунбон буд. Бо дарра задандаш, ҷунбид.
«Инҳо намемуранд... Миёнашон бақувват...»
Ҳаким шуниду нафаҳмид, ки чӣ маънӣ дорад ин ҳарф. Напурсид ҳам, балки кадом тақдири шум ва ногаҳониву маҷбуриро пеши назар овард ва бештар ба фикру андеша рафт, то чӣ гўяд ва чӣ тадбир андешад.
«Шояд саҳв шуда бошад? Ман ба ягон гурўҳ алоқаманд нестам... Ба касе бадӣ накардаам...» гуфтанӣ шуд. Аммо забонаш нагашт. Зеро медонист, ки чӣ мусибат меорад ба сараш чунин пурс.
Ва мошин мерафт чапу рост. Мерафту мерафт, ҳеҷ не, ки ба ҷое расад. Ҳаким, ки тайи чанд сол бисёр ҳодисаву воқеаҳои чашмнадиду гўшношунидро медиду мешунид, дилаш раг зад ва ба ҳазор тангкўчаи хаёл рафт. «Агар он гурўҳ бошад, моҳидорӣ мебарад, агар ин гурўҳ бошад, лаби ҷари доманаи гўристон». Вале мошини сабукрав бо роҳи ҳамвор мерафт чолоку якмаром.
«Рост бишин!»
Ин чунин маънӣ дошт, ки Ҳаким миёни ҳар дуи онҳо дар курсӣ рост нишинад. Аммо ў ноҷунбон буд. Дашномкунон ўро аз гардану пойҳо гирифта ба курсӣ рост нишонданд.
«Макор метобад паъат».
Нафас танг шуд дар зери саркаши шоли дурушту гарм дар тамузи тобистони шаҳри то қарибиҳо дар чунин ҳоли Ҳаким нафасгардон буда; нав ба худ омада, ки аз дасти чунин тозандаву тороҷгарон ва аз ҷониби дўсту душман «қувваи саввум» ном гирифта.

пешина
аз 378
навбатӣ