Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Зеро тасаввур мекунад, ки бародараш хору зор, рангпарида, латхўрда ва азияткашида буда, бо ҳазор чашми умед ба вай менигарад, ки ҳама молу мулки дунё равад ҳам, аз азобу шиканҷаи индунёйӣ раҳош гардонад. Оне чашм меканад аз телефон ва ба Эшону дигарон менигарад, вале раведу наравед, гуфта наметавонад.
Садои занг баромад. Садои Халил ҳам:
— Не, ака... Занг мезанам. – Гуфту тугмаи телефонро пахш кард ва як нафаси норозиёна баровард аз чунин зангҳои барояш бемаврид ва боз баумеду гўшбақимор истод. Аммо ҳазору як андеша мегузашт аз сару дилаш. «Кам набуданд бедарак шудагон...
Писари Норро кушта мошинашро бурданд. Писари Аслиро дар девори паси хонаашон рост монда, тиршап карданд. Пеши чашми худам духтарчаи раҳгузарро аз кокулаш дошта даруни мошин кашида, бурданд... Лозим не...»
Садои занг Боло шуд.
«Ало!.. Як милион?...»
Қатъ гашт садо ва ў надонист, ки як милион чӣ? Доллар ё рубл? Ба кӣ? Дар куҷо?
«Ҳамаашро гиред, нобакорҳо.... Мошин, хона, молу ҳоли падар... лекин Ҳакимро накушед, ки Ҳоҷӣ ҳам мемиранд. Инсони маро наздиктар аз ҳама – Падархудои рўзгори мо, чун ҳама умр чизе нагуфта, садое набароварда, ба марги писар гиряву нола накарда, истех истода мемиранд. Ҳамин хел ҳам, ки аз Худову банда домангир нашуда; касеро сахту сақат нагуфта, як-як ба ҳама менигаранд, сар ҳам наҷунбонида мемиранд. Танҳо гоҳи мурдан нафас маънӣ медиҳад: «Тақдир чунин будааст.»
Шуда буд чунин: ба марги Ҳалим; ба марги муфоҷот, ба марги зўракии Абдуҳалим шуда буд...
Он рўз Ҳоҷӣ Абдуҳамид базм дошт, базми муроди набера.
Писари бузургдухтари ў Ибодат ва Абдуғаффор – Аъло хонадор мешуд. Ҳама дўстон ҳозир буданд ҷуз Ҳалиму Раҳим. Ў ҳама корҳои корхонаро сомон карда ва қатораро гуселонида, рўзи базм бояд расида меомад ҳамроҳи бародараш Раҳим. Аммо дараке набуд. Халил занг зада вақти аз Душанбе баромаданашонро муайян карда буд ва аз рўйи ҳисоб бояд расида меомаданд. Ҳолиё робитае нест. Пиндоранд, ки миёни кўҳҳои баланд ва шахҳои осмонсойи Фарғар телефон пайваст намешавад, андар миёни кўҳҳо мондаанд...
Вале онҳо то Сарводаи Зарафшон расида буданд. То ҳамон ҷое, ки баъди даргириҳо дастаҳои ҷангараи худхоҳу худташкил, берун аз итоати давлат қароргоҳ сохта буданд ва ҳоло қисми ҳарбии Вазорати мудофиа исту зист дошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо