Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рў ба рўйи қисми ҳарбӣ пешопеши мошини Ҳалим мошине мерафт кўҳнаи тамғааш «Жигули»-04. Ронандааш маст буд ё хоболуд, ки пеши роҳи мошини онҳоро гирифта, гузар намедод.
Ба ишораҳои чароғакӣ ва ё сигнал ҳам эътибор намедод ва чап медошт мошинро, то онҳо гузашта натавонанд. Рўшан набуд, ки чаро чунин кунад. Чун корашон зарур буд, аз роҳ ба канора баромада пеш гузаштанӣ шуданд, ҳарбипўш роҳ надода, мошини онҳо ба канора танг кард ва саҳл монда, ки ба рўдбор равад. Тиреза ба тиреза шуданд. Ва даҳон ба даҳон. Низомипўш қабеҳ мегуфт ва сахт, то ҳариф ба танг омада, шўрида, асабаш вайрон гашта, рафти мошинро фаромўш карда ба рўд равад.
«Дор-дор!»
Бародари ў Абдураҳим дод зад. Ду ҷавонзани дар пас нишаста низ баробар дод заданд: «Ҷаааарр!!!» Ҳалим тормузро пахш карда мошинро дошт ва низомипўш пеши роҳи мошини ў уреб гузошт мошинашро.
Низомипўш аз мошин фуромада рост ба дари мошини Ҳалим омад ва бо сиёсату тавонгарӣ дари онро кушода аз гиребони ронанда дошта берун кашид. Аввал муштогиребон шуданд. Баъд ба мушткўбӣ гузаштанд. Бо пошнаи таппонча мезад ба сари Ҳалим.
Раҳим омад ба мадад. Ўро низ сахт кўфт. Бо таппонча таҳдид кард.
Занони даруни мошин аз тарсу ҳарос гардан фурў кашида тоқат накарда фуромаданд. Ханаи Кафкозӣ, гарчӣ овозаю дарвозаи ҳарбиёни имрўзаро медонист, ки на аз қиболи Искандар буданду на араб ва на аз чаберагони Чингизхон буданду на манғитӣ ва кам-кам хешро аз наҷоди Темури ланг медонистанд ва наздик ба қатаған буданд,; рўзе аз ҷониби Регару Ҳисор ба шаҳр тоҷиккушӣ омада буданд, низ медонист; медонист, ки пеши роҳи онон баромадан рў ба рўйи марг омадан аст, бо вуҷуди он наъра зад:
«Куштӣ ўро! Инашро ҳам мекушӣ! Ё даст нигаҳ дор ё моро низ бикуш!»
Низомипўши пеши чашмашро хун гирифта, ки паррондану куштан касб шуда будаш, аз ғазаб ва ваҳшонияти бе мислу монанд пеши пойи онҳоро тирборон кард бо «Калашников». Ва бо таҳдиди таппонча онҳоро ба мошинашон бознишонд ва ба осмон ду тир холӣ кард.
Садои тири «Калашников» бас набуд, ки ў боз сўйи само тир парронд, ки чашми Офтобро хунин мекарда бошад. Аз таппонча буд ин садо. Сипас ў бо мусофирони бегуноҳи роҳ ҷангӣ шуда буд, ки таппонча гирди ангушт гардонда, ба сурати он сўйи рўд менигарист. Ва Ленин ҳам аз танаи девори бинои сурх, аз зери фуражкаи сиёҳ рост ба Эшов нигарист. Ҳарду чашм ба чашм шуданд. Ленин нигоҳашро канда намекард. Аммо чашмони Эшов тоб оварда натавонистанд.

пешина
аз 378
навбатӣ