Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў парво накард ба ин ҳарфҳо. Як бели кўҳнаи партовии булдозерро аз куҷо пайдо карда, оварда ба ҷойи ламидаи пушти боғи Салим рост устувор кард. Бетон рехт. Сангу хоку шағал пур кард. Булдозери дигар оварда ҷару ҷўро яксон ҳамвор кард. Дарахти чормағзи сари роҳро, ки ҳезуми хар дакка мехўрд, решакан гирифта, роҳи мошингузар сохт...
Сонӣ мошини тўҳфа гирифтаро то дари ҳавлӣ ронда овард. Ҳай гап шудааа...
«Ҳукумат ҳамту мошин намедиҳад. Ба ном тўҳфа. Ҳамин қадар, ки бенавбат... Пулаша медиҳад мошинхар...»
«Э, шумо чӣ медонед, пули даҳ мошин наравад, ҳеҷ кас мошин намедиҳад... Ҳамааш ошнобозиву ҷўрабозӣ. Ба шўйи шумо диҳад, намешавад.»
«Ба шўйи ман намедиҳад, дугона. Шўйи ман ба ин чизҳо ҳавасу ҳавсала надорад. Вай-ба қарта бошаду айвони чойхона...»
«Бед, рўйи Худоро дида гап занем. Мардак меҳнатӣ ё не?»
«Меҳнатӣ.»
«Баъд худо медиҳад-дия. Ман то ҳол дар кўчаҳо ҳел-ҳел гаштани ҳамон мардро надидаам.»
«Занаш ҳам ҳамин хел, дугона. Баччаҳош ҳам ҳамин хел. Ҳар кас аз пайи кори худ...»
«Худо баъд ба кӣ диҳад?»
«Ба ману шумо не, албатта. Ба акои Абдуҳамид барин касон.»
«Мо ҳам панҷрўдӣ, шумо ҳам панҷрўдӣ, шўҳомон ҳам панҷрўдӣ, дигарон ҳам панҷрўдӣ. Фарзандонамон дар як мактаб мехонанд, муаллими ҳамаашон як. Лекин мебинӣ, ки ҳамаи ин панҷрўдиҳо як хел нестанд. Якеро ба гуфтану кўфтан адаб ёд дода наметавонӣ, дигаре худ аз худ боадаб мешавад. Ҳамин баччаҳои акои Абдуҳамид ҳам ба худашон рафтагӣ...»
«Худованд панҷ ангуштро баробар насохтааст. Ана, нигаҳ кунед. Башорат, ишорат, миёна, инаш чӣ буд?»
«Боз миёна, сағир...»
«Қоил мекунед-дия... Хайр, ҳар коре мекунад, ҳалолаш бод.
Аз дасти ҳар кас намеояд.»

Лек ин ҳама гуфторҳо мардакро маълуму равшан нестанд.
Менамояд, ки ҳеҷ чиз дар ин зиндагӣ ўро ба ҳаяҷон намеорад, ҷуз кораш. «Худо гуфтааст, ки аз ту ҳаракат, аз ман баракат.» Риояаш ва шиораш ҳамин чиз. Вагарна мошинсавор буд, сечархасавор шуд, мошини беҳтаринро гирифт. Вале ҳеҷ яке ба хислату хулқу рафтораш таъсир накард. Ҳамон Абдуҳамиди писари Абдухолиқ.
Ба ҷойи ў баъзеҳо бошанд, тоқиро нимта монда, дар нўл сигарет, як пой дар Самарқанду як пой дар Душанде кайфу сафо карда мегарданд.

пешина
аз 378
навбатӣ