Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аз ғазаб дандон соид командир. Вале ў чӣ мегуфт, ягон муаббир таъбир карда наметавонист. Зеро дар обрав аз Эшов пурзўртар ва ҳукмравотар ҷондоре набуд.
Дере нагузашта ду сарбози кавшакпўши (красовка, кети) машқдида баробар пой партофта омаданд тозон. Яқин ҷондорон ё омўхтаҳо буданд, ки баробари расидан аз командир фармон гирифтанд:
«Дар ин мошин шину рост ба рота ҳаюш кун!»
Ҳамин тавр шуд: Ҳалим, Раҳим, Ханаву як ҷавонзани меҳмонро ба мошин зўракӣ ҷо карда, сарбоз сари фармон нишаста,
1 ронд ба Сарвода.
Чун лашкаргоҳ бурданд, занонро ба як хона ҷой карданд. Хана ҳамчун зани бофаҳму хушмуомила рў ба Эшов овард.
— Рафиқ командир, ин одам мурод дорад. Иҷозат диҳед моро.
Чӣ қадар пуле дорем, ҳама гўшвораву даспонаву ангуштарӣ, ана ин занҷираҳоро ҳам гиред, моро ҷавоб диҳед...
Чашмони тоси хунгаштаи ў занонро «хурам» мегуфт. Магар хун парда гашта буд, ки намедид, кар ҳам шуда буд, ки намешунид.
Акси ҳол – занонро дар як хонаи хурд маҳкам карданд.
Аллакай, шояд баъди садои тири Эшов бошад, ки низомиён майдонро иҳота карда буданд ва гўйӣ буққаҷангро тамошо мекарданд. Дигар хавфе ба назарашон наметобад. Эшов буққаи сиёҳ барин ҳуҷум овард. Ҳалим орзу дошт, ки паланг бошаду аз гулўяш гирад. Аммо зўре надошт. Ўро аз рўйи роҳ бардошта ба мошин савор карда буданд. Ба зарби аввал дароз кашид. Раҳим ҳарчанд ҷаҳд мекард, ки бародар аз дасти душман раҳо кунад, наметавонист. Зеро буққа ҳам шох мезаду ҳам лагад мезаду ҳам сум. Раҳим навҷавон буд, зўре дошт, вале аз бими он ки ўро низ нобуд месозанд, дар андомаш ҷуз ларза нерўе намонд. Ҳамин қадар метавонист чашмонашро пўшида набарди бемаънӣ, ноҷавонмардона, роҳзанона ва қотилонаи ўро тамошо кунад.
Зеро оғишта ба хоку хун дароз кашида буд рўйи замин ва намедонист, ки чӣ кор мекунанд бо Ҳалим. Командири бенанг ва шояд нашъаманди бефарҳанг ба футболбозӣ гузашт: бо попўши чармини гаронвазн зад ба сараш. Чунон зад, ки дар чашми Раҳим сари бародар ҳаммонанди тўби футболи ба замин зада ҷаҳид.
Агар ба гардану дўш пайванд набуд, Худо донад, куҷо мерафт
- Сарвода ҷоест, ки лашкаркаши артиши регариҳо баъди дар ҷанги Душанбешаҳр мағлуб шуданаш ба ин водӣ фирор карда, Сарводаро беҳтарин макон дониста, маскан гузида буд. Баъди аз ин ҷо рафтани ў низомиёни қонунии Вазорати дифоъ маъво гирифтанд. Эшови бадгиру бадкор ҳоло сарпоси ин лагер бувад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо