Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

ин тўби ҳам сахту ҳам мулойим. Раҳим талх садо баровард. Ў боз футбол заданӣ шуд:
— Командир, куштиш, боз чӣ ҳаққат монд?
Чизе нагуфт командир ва нўки пой ҷониби Раҳим андохт. Баччаи ҷавон кирои лагад задани ҷанговар набуд. Аммо лейтенант ҷуз пояшу тўб дигар чизро намедид. Яқин, сараш задагӣ буд. Аниқ, чӣ кор карданашро намедонист.
Баъди лату кўби зиёд бародаронро, чашмаш ба ранги рўйи Раҳими хурдсол афтид, ки пахтакўҳнаро мемонд. Ба назари худаш ё ба назари дигарон ба худ омад командир ва чӣ кор карданашро донист.
— Иҷозат диҳед, хоку хуни мурдаро шўям. – Фармуд Раҳим ларзида-ларзида.
— Кира?
— Мурдаро.
— Магар... магар... – чашм пўшид, гардан каҷ кард ва хандид.
– Ҳамин қадар будасту боз аз гиребон мегирад... Бушуш!
Раҳим ҷон гирифт, ки зиндаву мурда будани ўро гоҳи шустан муайян мекунад. Оби нимхўрдаи баклашкаро овард ва дастрўймолро аз кисааш базўр бароварда, болойи сари бародар нишаст ва навҳагарӣ кардан хост. Аммо худдорӣ кард. Ба ҷойи сиришк аз баклашка об рехт. Рўймолчаро тар карда сари кафидаи хуншор, пешонии абгор ва баногўши хунбастаро тоза карда, диққат медод, ки нафас мекашад ё на? Баробари расидани оби рўҳбахшу латтаи тар ягон узваш меҷунбад ё на? Фақат мағзи сар набуромадаасту бас. Тасбеҳи ҳазордонаи сиришкаш ба сару рўйи бародар мечакад ва бо ашки хеш мешўяд хуни шаҳидро. Ва дилаш дук-дук зада то гулў омада, бурун рафтан мехоҳад. Бо як зўри кўҳистонӣ фарёд заданист, ки кўҳҳои таърихдон, дар радифи ҳама қиссаҳои наву куҳан, баъди садои тири Эшов овози дупўставу кўдаконаи ўро низ сабт гардонад дар дили худ. Ва мешавад, ки Раҳим бузург мегардад ва ҳамон садояшро пайдо карда, як баландгўяки хуб оварда аз дили кўҳ кашида мегирад ва ба тамоми олам нусха мефиристад аз ин овоз. Вале ҳамааш дар андарунаш монд.
Ў парида хест ва ба командир нигарист, ба дигарон нигарист, ки фарёди ўро ҳама шуниданд. Аммо касе эътибор надод. Маълум, ки ҳама ғалаёнҳо дар андешаҳояш будааст ва садо аз гулў бурун нарафтааст... Зеро замон замони зўр. Ҳарчӣ ў гўяд, ҳамон шавад.
Бинии шикаста ва лабони хуншори ўро аз нав шуст. Раҳим ба оби дида шуст он ҳамаро...
— Командир, иҷозат диҳад, мурдаро барем.
— Кира?
— Мурдаро.
— Ту ҳоло бо собуни ман ҷомашўйӣ накардаӣ. Иҷозат медиҳам, агар шартҳои мара иҷро бикунӣ. Мефаҳмӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо