Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамин хел, командир.- сар ҷунбонида гуфт Раҳим.
— Якум: баёнот менависӣ... Менависӣ, ки азбаски дар мошини мо 2 кг гера буд, аз тарси ба даст афтодан ба сардори дидбонгоҳи ҳарбии ноҳияи Айнӣ итоат накарда, гурехтем. Мошини командир аз пас мошини мора расонда, ба қап кард. Дар натиҷа гиребонкашиву муштзанӣ шуд. Бародарам Ҳалим командира «очата фалон» гуфт. Хун ба сари командир зада, худша гум кард... Дар натиҷа, фалон, фалон, фалон...
— Чӣ хел? Ман дурўғ гуфта наметавонам... Мо дар роҳи рост тарбият ёфтагӣ...
— Ана ун хел рост хобида метавонӣ? – ҷасади дар рўйи замин дароз хабидаро ишора кард зўр.
Раҳим меларзид. Ва розӣ буд ба ҳама чиз, то зудтар бародарро аз ин ҷо гирифта барад, шояд ҷон дошта бошад. Он тарафаш аҳамият надорад. «Мурдан бошад, мурдан. Фарқ надорад, ки ҳолӣ ҳозир дар паҳлўи бародар мекушад ё баъдтар чун герафурўш аз сари суди ҷиноятӣ бароварда. Дар об мезанад ё дар оташ. Фақат футбол накунад, шуд. Баъди ин агар зинда монам, дигар футбол ҳам тамошо намекунам. Ҳамаи ҳамин корҳо, варзишҳо куштани одамро роҳи дигаре будааст...»
«Шудӣ?»
Раҳим чизе ҷавоб дода натавонист. Зеро қаламу коғаз дар дасташ меларзид. Инчунин танаш, сараш, дандонҳояш, пойҳояш; вуҷудаш ва хунаш меларзид; мағзаш ҳам кор намекард...
— Командир, ман навишта наметавонам... Шумо нависед. Ман имзо мегузорам.
— Сағра! Ман навишта метавонистам, дар миёни ҳамин куҳои сахт мегаштам?
— Наме...та...вонам...
— Ман гуфтам-ку чӣ хел навиштана!
— Ман навишта метавонам, командир...
— Тавонӣ, навис!
— Неее, – дастони ларзон ва қаламу коғази чу барги сафеддор муҳаррикро ишора карда гуфт Раҳим, ки бо зўр задан ва дам ба дарун гирифта худдорӣ кардан ҳам қарор истода наметавонист.
Чун илоҷе набуд, ба навиштан сар кард. Вале ҳарфонаш каҷу килеб, нохоно ва кўру ногиро меомаданд:

Ба сарпоси Сарводаи ноҳияи Айнӣ Эшов Тоҳир аз номи
шаҳрванд Холиқов Абдураҳим

БАЁНОТ
Медиҳам ин баёнота дар ин бора, ки ҳақиқатан ҳам мо дар роҳ ба ишораи муҳтарам командир Эшов Тоҳир итоат накарда, гурехтем. Бародарам Холиқов Абдуҳалим мошина надошт. Зеро...

пешина
аз 378
навбатӣ