Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

аз ин сабаб ки дар мошинаш 2 кг гера буд. (Нависондӣ? Туғрӣ нависондӣ? «Чӣ хеле ки мегўед...») Вақте ки муҳтарам командир мошини акама обгон карда қарор дод. Акам Ҳалим аз мошинаш буромада аз гиребони муҳтарам командири пости Сарводаи ноҳияи Айнӣ сахт гирифт. Кашокаш шуд. Акам Абдуҳалим ба ин қаноат накарда муҳтарам лейтенанти калон Эшов Тоҳира «Ачаҳаката...»
гўён дашном дод. Командир дигар тоқат карда натавонист... Дар натиҷа... (Аз сари хат навис.) Айби худи акам шуд...
Баёнотдиҳанда Холиқов Абдураҳим.
13 августи соли 1999.
Командир варақро чорқат карда ба ҷайбаш зад ва дар лабонаш табассум дамид. Ранги сиёҳи пўсташ имкон намедод кас муайян кунад, ки дар чунин кашокашу куштор ранги рўйи ў ягон зарра шуда ё на.
— Шарти дуввум: Мурдата рост ба Панҷакент мебарӣ. Сари роҳ ба ягон дармонгоҳ намедарорӣ! Ҳеҷ куҷо каҷ нашуда... – Идомаи суханашро бо даст ишора кард ў. Яъне, рост! Меравӣ то ҷойи гуфтаи ман.
Раҳими навҷавон ба ҳар таҳдиду гуфторҳои Эшов сар меҷунбонд, ки розист. Зеро аз чашмони боз ва сару рўйи хуншори бародар адаб омўхта буд.
— Ин афсар ҳамроҳи шумо меравад...Афсар, сари рул бишин!
Ва бо ишораи Эшов занонро аз хонача бароварда оварданд.
Онҳо баробари ҷасади ғарибонаву бесоҳибонаи Ҳалимро дидан, ба ҷойи сари лошаи ў нишаста гиристан, чашмонашонро бо кафи даст пўшиданд. Сахт пушаймон буданд аз тўйравиашон.
Занони ҳамкори ба тўйи арўсиву домодӣ даъватшударо дар нишастгоҳи қафо нишонда, ҷисми Ҳалимро бар ронҳояшон уреб хобонданд, вале онҳо рўйи даст медоштанд.
Афсар низ нишаст паси фармони мошин ва тарсидаву ҳаросида «Жигули»-ро аз ҷой ҷунбонд. Ба назар мошинрониаш аз мошинронии Раҳим хубтар набуд. Ларзида, ҳаросида, вале чанбарро хеле сахт дошта, пой бар зерпойи газу тормоз меронд. Шояд тарси ў аз ронда натавонистани мошин на, балки аз ду зани дар пушт нишаста буд, ки якбора ба гардану гулўяш чанг зада хафакуш мекунанд ва бим аз бародари дар паҳлў нишаста дошт, ки муште баногўшӣ карда аз ҳуш равонда ба рўд меафканад. Ва ҳисобро мусовӣ мегардонад. Вале онҳо на мадоре доштанд, то чунин кор кунанд ва на андешае, ки ин хидматгори беминнатро нобуд созанд. Ҳушу ёд ва ғамашон ин буд, ки зудтар ба манзил расонад; ё пеши табибон барад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо