Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва аммо роҳ чунон дарозу тўлонӣ буд, ки ҳаргиз тай карда наметавониста бошанд. Ва ронанда ҳам он қадар суст меронд, ки муроду мақсадашро танҳо худаш медонист ва ё аз командири бадсиришт дастур гирифта буд. Ё мурдаро азоб додан намехост ва ё гар ў рамақе дар ҷон дорад, озоре наёбад. Дилгир буд, хеле дилгир буд роҳпаймойӣ. Баракси он ки то Сарвода шебу фарози ағбаи бадгузару бадроҳаро бо чӣ ҳавасу хушӣ убур карда омада буданд, пешроҳа он қадар вазнин, ки ба назар чархи мошин пеш тоб намехўрад, балки пас мегардад ва онҳо дар кадом вартаву ҷарӣ ҳамгўри Абдуҳалим мешаванд.
Вале хапу хомўшанд онҳо, чизе гуфта наметавонанд. Зеро зарбу лат ва ҳолати Ҳалим беҳушу беёдашон кардааст. Афсар ҳам мурдаи аз онҳо батар. Чизе намегўяд, чизе намепурсад. Ба мурдаву зиндаи онҳо ҳам нигоҳ намекунад. Аз хусуси сарпос командир чизе гуфтанист. На, андеша дорад; гуфта наметавонад. Зеро чунинонро Худованд дар як аср хеле зиёд ба дунё меорад ва он асрро «Наҳс» меноманд. Ба назар андешаи ў зиёдтар ё ғамаш муайян кардан имкон надорад. Агар ягон чиз фармояд, хоҳ нохоҳ рўзе равшан мегардад ва Эшов чунин кас нест, ки бахшидан омўхта бошад. Гуноҳи худаш ҳам ба гардани дигарон бор мешавад.
«Сигарет надоред?»
Ин ниҳояти ба танг омадани афсар буд, ки гоҳи пули болойи рўди Масчоҳро убур кардан ва ҳамели ғўлунгу мағз дар ангуштон овезону қурут дар селофан сўйи мошин давидани баччаҳои ду канори роҳро дидан гўё ба худ омада пурсид. Вале касе аз се тан посух надод ба пурси ў. Гўё нашуниданд. Агар шуниданд, ўро ҳам дар қатори командир Эшов медонанд, ки ҷисмашонро аз як гил сохта бошанд. Ҳамон хел хунхор, ҷаллоду ҷаббор, роҳзан, қотил ва... На, онҳо марзу бумро ҳимоя намекунанд, кишварро обод намегардонанд, сулҳу салоҳ надоранд... балки вайронкор.
Мехоҳанд, ки ошҳои оштии президенти кишвар ташкилкарда аз бинии мардум барояд. Мехоҳанд, ки боз даргириҳо шавад ва онҳо ҳар чӣ зиёдтар кушанду сўзанд ва рабоянд. Зеро даргириҳо дар ин водӣ рух надодааст. Танҳо ҳамин қабил роҳзанҳо ба қисмати шимолии Тоҷикистон расидани қадами номубораки Маҳмудро баҳона карда муддате дуд аз Зарафшон бароварданд ва тохтанду муқиму мири қадобаҳо шуданд.
«Маълум... Инҳо маро бар ивази ин мурда низ хоҳанд кушт.
– аз посух нагуфтани онҳо худ ба худ чунин хулоса баровард афсар.
– Гўё нашуниданд сигарет пурсидани маро... Инҳо албатта дар он ҷо медоранд. Дар хонаашон. Ҳамин ки донистанд, роҳзанҳои Сарвода ўро куштаанд ва ман ҳам шарики онҳо ҳастам, чунин хоҳанд кард.»
— Доред ўро!

пешина
аз 378
навбатӣ