Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баробари дар Сероҳаи Шўрча доштани мошин афсар ба баҳонаи сигарет аз мошин фаромад ва ҷониби дўконе рафта, ғайб зад.
Ана аз ҳамин Сероҳа, ки дар ҳамворие воқеъ аст ва кўҳҳои сангиву баланд дар ду тараф паст шуда ба теппаҳои хокӣ табдил меёфтанд ва рўди Зарафшон ҳам тақрибан ним фарсах дар паҳлў монда, садояш ба гўш намерасид, чап гашта ба тўйи набераи ҳоҷӣ рафтан лозим меомад, аммо мошин ронанда надорад. Ба тарафи рост пиёда равӣ ҳам, ба хонаи Абдуҳалим мерасӣ, аммо ў пиёда гашта наметавонад...
«Камаз»-е аз пеш омад, ки пур аз одам буд. Раҳими парешону ошуфта ва хеле беҳолу мадор сари роҳ даст бардошт, то ронанда мошинашро қарор диҳад. Дошт мошинашро ў. Ин ҳамон «Камаз»- е буд, ки панҷрўдиҳои марғедарнишинро мебурд ба маъракаи муроди набераи Абдуҳамиди панҷрўдӣ.
«Дар байни шумо ягон ронанда ҳаст?» – пурсид Абдураҳим.
«Чӣ буд?» – ба ҷойи будан ё набудан пурсид нафаре.
«Ҳамин мошини моро то бемористони шаҳр мебурд.»
Нафаре чизе нагуфта худро аз мошин ба замин партофт ва паси фармон нишаст...
Мошин рў ба рўйи дарвозаи ҳавлии падар, ҳавлии Абдуҳалим ва хонаи Абдухалилро гузашта, то бемористони шаҳрии Панҷакат расид.

Бемористони шаҳр яке аз бемористонҳои хуб ва намунавии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аммо ҳар қадар бино хуб бошад ҳам чун кас ба замини беморхонаву милисахона пой ниҳад як навъ ноҷўрии авзоъро пай мебарад. Ҳамин тавр эҳсос на танҳо дар тани онҳои хабари нохушии мусофирати Ҳалимро шунида омада ҷой дорад, балки ҳар нафаре, ки шаборўз ба аёдат меояд ин чизро дар вуҷуди хеш месанҷад. Бо вуҷуди дарахтзору гулзор ва обшору сернам буданаш ва дар ҳар тоқу равоқ ва тахталавҳҳо байтҳои бомаънӣ навишта шуданаш; ҳикматҳои гузаштагон сабт гаштанаш, фараҳе аз дил дур, умеду ноумедӣ дар сари ҳар бошанда давр мегардад. Ниёиш ва омурзиш Худойро, то ноумед нагардонад.
Вале зери дарахтони паси беморхона гурўҳ-гурўҳ менишинанд, шабзиндадорӣ мекунанд ва дар лаби касе табассумро намебинӣ, ки пургуноҳонро Худованд чунин офарида бошад. Нафароне, ки бар марзаи бетонии лаби ҷўйбор нишастаанд, аз бегуноҳӣ ҳарф мезананд: «Ҷабран-а... ақаллан ягон кори ноҷо мекард, дар роҳаш рост, аз мошини ў гузаштан хостааст...» Чунин ҳарфҳо ба унвони Абдуҳалим ва сари марза нишастагон – падару модар, бародарону хоҳарон ва пайвандони ўстанд. Падари пурбардошту ором «лозим донад, мегирад... лозим набошад, мемонад...» андеша дорад ва аз вазъу ваҷоҳаташ маълум, ки хун мехўрад.

пешина
аз 378
навбатӣ