Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Модари лоғарандоми чашмзирак низ магар аз шавҳар омўхтааст, ки дилаш хун гиряд ҳам, сабурӣ пеша дорад, то аз Худо чӣ ояд.
Гўйӣ маъракаи панҷрўдиёнро ба ин манзил кўчонидаанд, ки майдон серодам ва рафтуомад беохир. Чунон тобад, ки аввал дар бозор, сонӣ дар ин ҷо – дар бемористонҳо чунин миқдор одами зиёд рафту омад мекунад. Аммо маъракаи бефараҳ, берўҳ ғамзада.
Тобад, ки ҳар кас ғаме ё андешае дорад ва яке ба дигаре кордор набошад. Хонсолор, маъракадор, косагул ва ҳофизу раққоса надорад ин давра, валек гирифторони андешаи хеш зиёданд, ки ба касе умед надоранд; гоҳ-гоҳ сар сўйи осмон бардошта аз он баландии дастнорас чизеро талабу тамаъ мекунанд.
Падари бузург, ки дар назди модари муштипар ва ҳоло аз андешаи ҷони писар як қабза гашта, ҳайкали беҳамторо мемонад. Ба назар рўҳаш рафта, ҷисмаш мондааст, ки чизе намегўяд. Азобашро танҳо худаш мефаҳмад. Дилаш гириста-гириста то гулў меояд ва мисли як пуф ҳавои дар шишача андохта он ҷо андармон мегардад ва хеле зўр мезанад, то дар он гулўи танг таркад. Таркад, ки ҳоҷӣ як бор «вой!» гўяд. Аммо шишаи сахт он ҷо бозмонда фишор мегардад ва соҳибро азоб медиҳад. Дертар ў ҳис мекунад, ки ғамбода ба як моеъи номаълум бадал гашта бо кадом роҳи осон ҷўшида дар чашмонаш ҳувайдо мегардад, пеши чашмонашро мегирад, ки рангин ё ҳафтранг мешавад пеши чашмаш ва ў ҷуз рангҳои нуса чизеро мушоҳида карда наметавонад. Пасон хуни гарм барин мешорад ба рухсораш ва пеши бари куртаи сафедаш мечакад. Баъд симои писар даруни чашмонаш ҳозир гашта ширин табассум мекунад. Падар ўро хубтар диданӣ шуда чашм меҷафаду мекушояд ва оби дида якҷоя рўд гашта ҷорӣ мегардад ва Абдуҳалимро ҳам мебарад.
Зан пай мебарад ин чизро. Чизеро пай мебарад, ки ҳеҷ гоҳ дар вуҷуду дидаи мард пайдо нагашта буд. Ҳолиё аз ду наҳри зиндаи мард об ҷорист ва занро ба хорӣ меорад ва оҳиста нўки қарси сафедашро сари ангушт ёзонда сиришки ўро пок мекунад чу фаришта, ки падарро ба худ оварда аз роҳи ношукрӣ мегардонида бошад: «Аз они худаш...» Сар меҷунбонад мард: «Медонам, аз они худаш... Медиҳаду мегирад... Дар ин дунё ҳама амонатанд...»
Пасон ба духтараш Ибодат ва домод Абдуғаффор рў меорад:
«Шумо ба Панҷрўд баргардед... Муҳимро гузаронед...»
Ҳамаи мардоне, ки дина тўйи Аълоро дар Панҷрўд гузаронида
буданд, имрўз ба ҷанозаи Абдуҳалим Марғедар омаданд; ба ҳавлии падар, ки ба гўристони навташкили ин маҳаллаи навобод наздиктар буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо